Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эҳтимоли ҷаласаи Амрико-Русия дар мулоқот бо Тиллерсон матраҳ нашуд


Русия - Мулоқоти Котиби давлатии Амрико Рекс Тиллерсон бо Вазири хориҷии Русия Сергей Лавров. Маскав 12 апрели соли 2017.
Русия - Мулоқоти Котиби давлатии Амрико Рекс Тиллерсон бо Вазири хориҷии Русия Сергей Лавров. Маскав 12 апрели соли 2017.

Кремлин мегӯяд, ки раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин ва Котиби давлатии Амрико Рекс Тиллерсон ҳангоми дидору гуфтугӯ дар Маскав дурнамои мулоқоти байни Путин ва президент Трампро баррасӣ накарданд.

Сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков рӯзи 13 апрел дар сӯҳбат бо хабарнигорон мулоқоти рӯзи гузаштаро "ба таври кофӣ созанда" унвон кард.

Песков гуфт, Путин "таҳлили бисёр муҳим"-и равобити ИМА-Русияро пешниҳод кард ва умедвор аст, ки он ба дасти Трамп бирасад.

Рӯзи гузашта Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия дар нишасти матбуотии муштарак бо Котиби давлатии Амрико Рекс Тиллерсон гуфт, ки талошҳое барои халалдор кардани равобити Русия ва Амрико мушоҳида мешаванд. Лавров гуфт, ки аз ҳамкории ИМА ва Русия на танҳо ин ду кишвар, балки тамоми ҷаҳон бурд мекунад.

Соли гузашта Доналд Трамп дар ҷараёни маъракаи интихоботӣ аз Путин ситоиш ва ба ҳамкории наздиктар бо Русия даъват мекард ва ин Русияро умедвор карда буд, ки баъди оғози фаъолияти Трамп равобити байни ду кишвар рушд мекунад. Аммо ташаннуҷ боқӣ мондааст.

XS
SM
MD
LG