Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Алишер Усмонов аз болои Навалний ба додгоҳ шикоят бурд


Алишер Усмонов - миллиардери узбактабори Русия
Алишер Усмонов - миллиардери узбактабори Русия

Миллиардери узбактабори Русия Алишер Усмонов аз болои сиёсатмадори мухолифи давлати Русия Алексей Навалний ва Бунёди мубориза бо коррупсия (БМК)-и ӯ ба додгоҳи ноҳияи Люблинои Маскав шикоят бурд.

Бино ба иттилои РИА Новости, ин шикоят аз болои мухолифи машҳури рус 12 апрел сурат гирифтааст. Ҳадафи даъвои Усмонов ва ҷузъиёти он гуфта намешавад. Инчунин, муҳлати баррасӣ низ номаълум аст.

Ибтидои моҳи марти соли равон БМК натиҷаи таҳқиқотеро дар бораи дороиҳои сарвазири Русия Дмитрий Медведев нашр кард. Дар он гуфта мешавад, ки Усмонов ба сохтори марбути сарвазири Русия - "Сотсгоспроект" дар Рублёвское шоссе замин ва як хонаро ба маблағи 5 миллиард рубл "туҳфа" кардааст.

Миллиардер таъкид мекунад, ки замину хонаро дар чаҳорчӯби муомилаи баробарӣ додааст. Вале БМК мегӯяд, санаде доранд, ки "пора" будани онро исбот мекунад ва омодаанд, онро ба додгоҳ пешниҳод кунанд.

Пештар Алексей Навалний гуфт, аз эҳтимол дур нест, ки ин даъвои ҳимоят аз шарафи Усмонов ба як абзори фишори мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия зидди ӯ ва БМК табдил ёбад.

XS
SM
MD
LG