Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шабехуни гургҳо дар Ашт. Сад бузу гӯсфанди сокинон талаф шудааст


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Шабехуни гургон ба баъзе деҳаҳои ноҳияи Ашт ва куштани беш аз сад сар чорпо сокинонро нигарон кардааст. Дар деҳаи Пунуки ин маҳал сокинон яке аз гургони ҳамлаварро ҳадафи тир қарор додаанд, вале мегӯянд, ҳанӯз хотирҷамъ нестанд. Раҳмон Тоҳиров, як сокини деҳаи Пунуки ноҳияи Ашт, рӯзи 13-уми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, нимашаб аз садои гӯсфандонаш бедор шуд ва дид, ки гург ба ҳавлиаш даромада онҳоро даридааст. Ӯ мегӯяд, “гург 5 барраамро куштааст. Фақат дилу ҷигари як барраро хӯрда, ба дигарҳояш нарасидааст.”

Қаблан гургҳо дар фасли зимистон ва баъди барфҳои калон ба рамаи чӯпонҳо дар берун аз мавзеъҳои аҳолинишин ҳамла мебурданд.

Мусоҳиби мо афзуд, ҳамин тавр, дар давоми ду ҳафтаи охир гургҳо ба ҳавливу оғили ҳудуди 15 сокини маҳал даромада, беш аз сад сар гӯсфанду бузи онҳоро нобуд кардааст. Деҳаи Пунук наздик ба рӯди Сир ҷойгир аст ва дар туғайу қамишзорони он сокинон галаи гургҳоро дидаанд. Ба гуфтаи сокинони ин деҳа, имсол баҳор дер фаро расид ва дар шимоли Тоҷикистон ҳанӯз сабза барои ғизои чорпо надамидааст. Сокинон ҳанӯз чорпои худро дар ҳавлӣ нигоҳ медоранд ва ба чаро сар надодаанд. Гургҳои гурусна дар ҷустуҷӯи хӯрок “меҳмони нохонда”-и ҳавлиҳову оғилҳои бози сокинон мешаванд.

Сайёдро баъди “облава”... аз хидмат озод карданд.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:56 0:00

“Имрӯзҳо, ки ҳаво гарм аст, беҳтар аст, гӯсфандон дар берун хоб кунанд. Аммо аз бими ҳамлаи гургҳо шабона онҳоро ба оғил дароварда, дарашро маҳкам мебандем”, - афзуд мусоҳиби мо.

Маркази ноҳияи Ашт
Маркази ноҳияи Ашт

Раҳмон Тоҳиров муаллим ва мудири мактаби миёнаи рақами 45-и ноҳияи Ашт аст. Ӯ барои эҳтиёҷи рӯзгораш ва каме даромади иловагӣ гӯсфанд парвариш мекунад. Дар деҳоти Тоҷикистон чорпопарварӣ як василаи ба даст овардани даромад аз фурӯши гӯшту пашми он барои пешбурди рӯзгор аст. Як кило гӯшти гӯсфанд аз 30 то 40 сомонӣ ва нархи як гӯсфанд дар бозор аз 1 то 3 ҳазор сомонӣ аст.

Саида Ғафурова, котиби раиси Шӯрои ҷамоати Пунуки ноҳияи Ашт, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар пайи шикояти сокинон аз ҳамлаи гургҳо ва талафи чорпояшон ба ҳукумат ва пулиси ноҳия муроҷиат карданд. Бо дастури мақомот як гурӯҳ сайёдон ба дарёфт ва шикори гургҳо сар карда ва як гургро парронданд. Ғафурова афзуд, “мо байторон ва табибони маркази беҳдоштиро ҳам даъват кардем. Онҳо омада, чорпо ва гурги кушташударо ҳам ташхис карданд ва хушбахтона, дар онҳо асаре аз бемории ҳорӣ пайдо накарданд.”

Пӯсти як гурги шикоршуда. Акс аз бойгонӣ
Пӯсти як гурги шикоршуда. Акс аз бойгонӣ

Ҳамлаи гургҳои гурусна ба бузу гӯсфандони сокинони деҳоти Суғд аз қабл ҳам як ҳодисаи маъмулӣ аст. Қаблан гургҳо дар фасли зимистон ва баъди барфҳои калон ба рамаи чӯпонҳо дар берун аз мавзеъҳои аҳолинишин ҳамла мебурданд. Ҳодисаҳои ҷудогонаи ба деҳаҳо сарозер шудани гургҳои ҳорӣ, ҳамлаи онҳо ба сокинон ва ваксинзании даҳҳо сокинон дар ин иртибот низ иттифоқ афтода буд.

Сокинони ноҳияи Ашт мегӯянд, вале солҳои охир ҳамлаи гургҳо ба гову бузу гӯсфандони онҳо бештар ва ошкоротар шудааст. Онҳо инро ба кам шудани шикори гургону зиёд ва афзоиши шумори онҳо иртибот медиҳанд. Раҳмон Тоҳиров, мусоҳиби аввали мо мегӯяд, тайи тақрибан 25 соли охир шумораи шикорчиҳо коҳиш ёфт ва аслиҳаи шикорӣ ҳам дар дасти сокинон хеле кам монд. Ӯ афзуд, ҳамлаи гургҳо ба чорпои ҳавлии сокинон нишонаи он аст, ки масоҳат ба гургҳо танг шуда, ягон галаи онҳо имсол ба мавзеи наздик ба деҳаҳо кӯчида омадааст.

XS
SM
MD
LG