Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сухангӯи Кохи Сафед барои муқоисаи Асад бо Гитлер узр хост


Сухангӯи Кохи Сафед Шон Спайсер.
Сухангӯи Кохи Сафед Шон Спайсер.

Сухангӯи Кохи Сафед Шон Спайсер барои ба амалҳои Гитлер баробар кардани ҳамлаи кимиёвӣ дар Сурия расман узр пурсид. Дар ин бора шабакаи телевизиони CNN рӯзи 12 апрел хабар дод.

Ба гуфтаи Спайсер дар як қатор гузоштани ҳамлаи кимиёвӣ дар Идлиб ва Ҳолокост муқоисаи дуруст набуд.

Спайсер рӯзи 11 апрел дар ҳузури хабарнигорон Русияро барои ҳамкорӣ бо режими Башор Асад сарзаниш ва Димишқро ба ҳамлаи кимиёвӣ дар Идлиб муттаҳам кард. Ӯ гуфт, ки ҳатто Гитлер аз силоҳи кимиёвӣ истифода накарда буд. Спайсер гуфт, ки намехост ваҳшати Ҳолокостро кам нишон диҳад.

Рӯзноманигорон ва баъзе сиёсатмадорон Спайсерро барои ин изҳорот танқид карданд. Онҳо ба сухангӯи Кохи Сафед ёдрас карданд, ки чӣ тавр Олмони гитлерӣ барои маҳви миллионҳо яҳудӣ аз утоқҳои газ истифода мекард.

XS
SM
MD
LG