Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба зиндони маҳкум шудани раҳбарони як шабакаи қочоқбар


Додгоҳи олии Тоҷикистон ду тан аз саркардаҳои як гурӯҳи муташаккили ҷиноии нашъаҷаллоб иборат аз шаҳрвандони Тоҷикистон ва Афғонистонро ба муддати тӯлонӣ ба ҳабс маҳкум кардааст. Ба иттилои Оҷонсии зидди маводи мухаддири Тоҷикистон, ҳукми додгоҳ дар нисбати ин афрод рӯз 10 апрел эълон шудааст.

Ба гуфтаи манбаъ, шаҳрванди Тоҷикистон Нуралӣ Бобоев ва шаҳрванди Афғонистон Сиддиқӣ Муҳаммад Зирак "барои муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор аз ҷониби гурӯҳи муташаккил ба миқдори махсусан калон" ва "қочоқи воситаҳои нашъадор аз ҷониби гурӯҳи муташаккил", гунаҳкор дониста шуда ва мутаносибан ба 20 ва 25 солӣ ҳукм гирифтанд. Ҳамчунин 2 адад худрави тамғаи “БМВ” ва “ОПЕЛ”, зиёда аз 6000 доллар пули нақд, ҷамъ маблағи зиёда аз 385 000 сомонӣ аз онҳо мусодира шудааст.

Хушнуд Раҳматуллоев, сухангӯи Оҷонсии зидди маводи мухаддир рӯзи 12 апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, баъди дарёфти ҳукми додгоҳ, ба вазорати умури дохилии Афғонистон нома ирсол дошта ва тақозо хоҳанд кард, ки аъзои дигари ин шабака, ки дар Афғонистон фаъолият мекунанд, дастгир ва ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Кормандони Оҷонсии зидди маводи мухаддир рӯзи 13 декабри соли 2016 гурӯҳи созмонёфтаи трансмиллиро ошкор намуда, лидер ва аъзои фаъоли он - шаҳрванди Тоҷикистон Нуралӣ Бобоев ва шаҳрванди Афғонистон Сиддиқи Муҳаммад Зиракро бо 203 кг грамм “ҳашиш” дастгир карда буданд.

Ба иттилои манбаъ Нуралӣ Бобоев бо тахаллуси “Нури-Қарағоч” роҳбари тоҷикистонии гурӯҳи муташаккили ҷиноятии трансмиллӣ буда, солҳои зиёд ба қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ба миқдори махсусан калон машғул буд. Тавре Оҷонсии зидди маводи мухаддир хабар медиҳад, вай яке аз қочоқчиёни машҳури Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, соли 2005 ҳамроҳи писари амакаш бо 191 кг воситаи нашъадор, ки зиёда аз 100 килограммашро ҳероин ва 90 килограммашро афюн ташкил медод, боздошт ва ба ҷавобгарӣ кашида шуда буд.

Манбаъ мегӯяд, муайян кардаанд, ки гурӯҳи муташаккили ҷиноятии трансмилии ошкоршуда иборат аз шаҳрвандони Афғонистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон ва дигар кишварҳо будааст. Ин манбаъ мегӯяд, Сиддиқи Муҳаммад Зирак -- роҳбарии умумии гурӯҳи созмонёфтаи қочоқбарро бар ӯҳда дошта, тахминан охирҳои моҳи ноябри соли 2016 қочоқи 203 килограм ҳашишро аз Афғонистон ба Тоҷикистон шахсан назорат кардааст.

XS
SM
MD
LG