Пайвандҳои дастрасӣ

Тиллерсон: Шарикӣ бо Асад ба манфиати Русия нест


Котиби давлатии ИМА Рекс Тиллерсон дар остонаи сафараш ба Маскав гуфт, ки Русия бояд интихоб кунад, ки дар масъалаи Сурия аз тарафи ИМА мешавад ва ё ҳамоно дар сангари президенти Сурия Башор Асад, Эрон ва ҷумбиши Ҳизбуллоҳи Лубнон қарор хоҳад гирифт. Тиллерсон ин ҳарфҳоро рӯзи 11 апрел дар шаҳри Луккаи Итолиё баъди ҷаласаи вазирони хориҷаи узви Гурӯҳи Ҳафтгона (G7) ва муттафиқонашон аз Ховари Миёна баён кард, ки мавзӯи Сурияро баррасӣ карданд. Вай гуфт:

“Русия худро бо режими Асад, Эрониҳо ва Ҳизбуллоҳ наздик кард. Оё ин рафоқат дар дарозмуддат ба манфиати Русия хизмат мекунад? Беҳтар нест, ки дубора бо ИМА, кишварҳои ғарбӣ ва давлатҳои дигари Ховари Миёна наздик шуда дар паи ҳалли бӯҳрони Сурия шавад?”

Қарор аст баъди Итолиё Тиллерсон ба хотири мулоқот бо ҳамкори русаш Сергей Лавров ба Маскав парвоз кунад. Русия пуштибони аршади ҳукумати президенти Сурия Башор Асад мебошад. Дар ҷараёни баррасиҳои Итолиё вазирони гурӯҳи G7 дар мавзӯи фишори бештар болои Русия дар мавзӯи Сурия ба ду тақсим шуданд. Тиллерсон баъди ин мулоқот гуфт, ки дар Сурияву Ироқ масъалаи аслӣ пирӯзӣ бар ҷангиёни гурӯҳи “Давлати исломӣ” мебошад. Вале, ба гуфти ӯ, Маскав бояд дубора бо ИМА ва дигарон ба хотири расидан ба ин ҳадаф ба ҳам ояд.

Русия бо пахши изҳороте гуфтааст, ки Лавров ба як “гуфтугӯи созанда” умед мебандад. Дар изҳорот гуфта мешавад, ки ҳосили гуфтугӯҳои Маскав на танҳо барои равобити Русияву ИМА, балки дар маҷмӯъ барои вазъи куллии ҷаҳон муҳим хоҳад буд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG