Пайвандҳои дастрасӣ

ИА, ИМА ва Гурҷистон: Интихоботи Осетияи Ҷанубиро эътироф намекунем


Анатолий Бибилов президенти ҷумҳурии ҷудоиталаби Осетияи Ҷанубӣ шуд

Иттиҳодияи Аврупо гуфт, ки натиҷаҳои интихобот дар ҷумҳурии ҷудоихоҳи Осетияи Ҷанубиро эътироф намекунад. Рӯзи 9 апрел дар ин ҷумҳурии ҷудоиталаби Гурҷистон интихоботи президентӣ баргузор шуд ва мақомот гуфтанд, ки раиси парлумон Анатолий Бибилов барандаи он эълон шудааст. Рӯзи 10 апрел дар як нишасти матбуотӣ Майя Консянчич, сухангӯи раҳбари сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо дар Брюссел гуфт, ки ин раъйдиҳиро эътироф намекунанд:

“Иттиҳодияи Аврупо чаҳорчӯби он чиро ки интихоботи президентӣ ва референдуми тағйири номи минтақаи ҷудоихоҳи Осетияи Ҷанубӣ гуфта мешавад, эътироф намекунад. Мо бори дигар ва ба таври рӯшан ӯҳдадории худро дар заминаи ҳалли сулҳомези низоъ дар Гурҷистон, аз ҷумла тавассути баррасиҳои байналмилалӣ бо ҳамраисии Женева ва ҳайати нозирони Иттиҳодияи Аврупо таъкид мекунем. Тавре шумо ҳам медонед, Иттиҳодияи Аврупо пуштибони истиқлолият ва якпорчагии қаламрави Гурҷистон дар ҳудудҳои дар сатҳи байналмилалӣ эътирофшуда аст”.

Рӯзи 10 апрел Белла Плиева, раиси Комиссиюни интихоботии ҷумҳурии Осетияи Ҷанубӣ гуфт, ки баъди ҳисоб шудани 90 дар сади баргаҳо, 58 % раъйҳо ба тарафдории Бибилов ихтисос дода шудааст. Ин натиҷа барои баргузор нашудани даври дуюми овоздиҳӣ кифоят мекунад. Ба иттилои Плиева, инчунин 78 дар сади раъйдодаҳо бо тағйири ном кардани ин минтақа аз Ҷумҳурии Осетияи Ҷанубӣ ба Ҷумҳурии Осетияи Ҷанубӣ-Алания розӣ шудаанд.

Интихоботи ин минтақа ва дар гузашта – Абхозистон - як дигар ҷумҳурии ҷудоиталаби рӯ ба Русияи Гурҷистонро ИМА ва худи Гурҷистон ҳам эътироф намекунанд. Дар изҳороти вазорати хориҷаи Гурҷистон гуфта шуд, ки ин интихобот шароитро барои аз ҷониби Русия ишғол шудани қаламрави Осетияи Ҷанубӣ ҳамвор мекунад. Русия Осетияи Ҷанубӣ ва Абхозистонро кишварҳои мустқил эътироф карда дар соли 2008 дар ин замина бо Гурҷистон вориди як низои кӯтоҳмуддати мусаллаҳона шудааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG