Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамла ба маркази фарҳангии мусулмонони Москва


Дар Электрогорси вилояти Москваи Русия харобкорон ба бинои маркази фарҳангии мусулмонон ҳамла карданд. Дар ин бора раҳбари ҷамъияти исломии Орехово-Зуево Дамир Булатов, ки бинои марказ ба он тааллуқ дорад, ба РИА Новости хабар дод. Булатов гуфт, ин ҳамла субҳи имрӯз, 10 апрел сурат гирифт.

"Соати 5-и субҳ муҳофизони марказ ба ман занг зада, аз ҳодиса хабар доданд. Ба деворҳои бино ранги кабуд молидаанд. Маълум аст, онҳо шитоб доштанд. Зеро тавонистаанд, танҳо рамзҳои шайтониеро бикашанд", - афзуд Булатов.

Ба гуфтаи вай, дар бинои маркази фарҳангии мусалмонони Электрогорс ҳанӯз дурбинҳои назоратӣ насб нашудааст. "Вале баъди ин ҳодиса тасмим гирифтем, ки марказро бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин кунем", - изҳор дошт Булатов. Раҳбари ҷамъияти исломии Орехово-Зуево афзуд, имрӯз ба додситонӣ шикоят хоҳад бурд.

XS
SM
MD
LG