Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Ӯзбекистон даҳ қабри масеҳиро тахриб карданд


Панҷ хонандаи синфи 9-уми ноҳияи Зангиотаи вилояти Тошканд барои тахриби оромгоҳи масеҳиҳо барои муддати кӯтоҳ боздошт шуданд. Бахзши ӯзбакии радиои Озодӣ хабар медиҳад, ки ин талабаҳо рӯзи 11 марти имсол вориди қабристони масеҳиҳо шуда, даҳ қабрро тахриб карданд. Баъди ин наврасон аз сӯи пулис дар рӯзи ҳодиса боздошт шуданд.

"Мактаби мо дар наздикии қабристони масеҳиҳо ҷойгир аст. Чанд сол пеш сокинони маҳаллӣ чанд ҷойи девори қабристонр сурох карданд. Бисёре аз хонандагон аз ҳамон роҳ мегузаранд. 11 март панҷ хонанди синфи 9 вориди қабристон шуда, қабрҳоро вайрон карданд", - мегӯяд яке аз омӯзгорон.

Хонандагон баъди онки волидонашон қабрҳоро барқарор карданд, озод шуданд.

Видеоҳои охирин

"Озодии Зайд Саидов ду роҳ дорад - ё авфи умумӣ, ё президент ӯро бубахшад"
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:01:50 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG