Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон рӯзи 10 апрел бо ҳайати порлумонии Бундестагии Олмон таҳти раёсати Манфред Грунд мулоқот кард. Бино ба иттилои Муҳаммадато Султонов, сухангӯи Маҷлиси намояндагон дар мулоқот вазъ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Олмон мавриди баррасӣ қарор гирифтааст
Шукурҷон Зуҳуров гуфтааст, ки Тоҷикистон барои истифодаи имконоти сармоягузорӣ, молиявӣ ва тиҷоратии Олмон, инчунин таҷрибаи бойи ширкатҳои он дар рушди иқтисодӣ, бахусус дар энержӣ, нақлиёт, сайёҳӣ ва технологияи нави коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, манфиатдор аст.
Ба гуфтаи ҷаноби Зуҳуров, Тоҷикистон ва Олмон дар эътилофи зиддитеррористӣ низ паҳлӯи ҳам истода, барои барқарорӣ, таҳкими сулҳу субот ва эҳёи иқтисодиёт дар Афғонистон ҳамкорӣ мекунанд.