Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти нав дар робита ба ҳамла дар Шветсия


Саҳнаи пас аз ҳамла дар истгоҳи марказии қатор дар Стокҳолм
Саҳнаи пас аз ҳамла дар истгоҳи марказии қатор дар Стокҳолм

Пулиси Шветсия гуфт, фарди муттаҳам ба ҳамла бо мошини боркаш дар шаҳри Стокҳолм ақидаҳои ифротӣ дошта ва тарафдори созмонҳои тундраве ба мисли Давлати исломӣ будааст.

Ба гуфтаи пулис, мақомот дархости ҳаққи иқомати доимии ӯ дар Шветсияро рад кардаанд ва мехостаанд, ки ӯро аз кишвар хориҷ кунанд. Ба гуфтаи мақомот, фарде, ки мошини боркашро рӯзи 7-уми апрел ба як мағоза ронда, 4 нафарро кушт, шаҳрванди 39-солаи Узбекистон аст.

Айни замон гузориш мерасад, ки як нафари дигарро дар робита ба ин ҳамла дастгир кардаанд, вале номашро эълон накардаанд. Дар маҷмӯъ панҷ нафар баъди ҳамла дастгир шудаанд ва дар боздошт мемонанд. Дар натиҷаи ҳамла ду шаҳрванди Шветсия, як бритониёӣ ва шаҳрванди Белгия ҳалок шуданд.

XS
SM
MD
LG