Пайвандҳои дастрасӣ

Бомбгузорӣ дар калисоҳои Миср 36 нафарро кушт


Ин калисои қибтиҳоро соли 2013 дар Миср оташ заданд.

Дар ду ҳамла ба калисои қибтиҳо дар Миср 36 нафар кушта шудаанд. Вазорати тандурустӣ гуфт, ки дар ҳамлае дар назди калисое дар шаҳри Искандария 11 нафар кушта шуданд ва 35 тани дигар ҷароҳат бардоштанд.

Бино ба гузоришҳо попи қибтиҳо Тавардоси дуввум дар маросими мазҳабие, ки онҷо баргузор шуд, ширкат доштааст. Чанд соат пештар аз ин дар натиҷаи таркиши бомб дар дохили як калисое дар шаҳри Танта 25 нафар кушта ва 50 тани дигар захмӣ шудаанд.

Ҳамла рӯзи 9-уми апрел ба вуқӯъ пайваст ва масъулияти онро гурӯҳти ба ном Давлати исломӣ бар дӯш гирифт. Таркиш дар замоне сурат гирифт, ки мардуми зиёде барои ибодат дар як маросими мазҳабӣ дар калисо ҷамъ омада буданд. Тақрибан 10 дар сади аҳолии Мисрро масеҳиён ташкил медиҳанд ва борҳо мавриди ҳамлаи ифротгароёни исломӣ қарор гирифтаанд.

Аз ҷумла дар моҳи декабри соли гузашта ин ифротгароён бо бомбгузорӣ дар калисои бузургтарини қибтиҳо дар Қоҳира 25 нафарро куштанд ва 49 нафари дигарро маҷрӯҳ карданд. Попи Рум Франсис, ки қарор аст, охири моҳ ба Миср биравад, ҳамлаи маргборро маҳкум кард.

Ӯ ба “тамоми мисриҳо ва пешвои калисои қибтиҳо” изҳори тассалияти амиқ кард. Ҳамла ба калисо дар Тантаро Донишгоҳи Ал-Азҳари Миср, яке аз донишгоҳҳои мӯътабари ҷаҳони ислом маҳкум кард.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG