Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия як созиши низомӣ бо ИМА-ро бозмедорад


Русия гуфт, ки дар посух ба ҳамлаҳои мушакии ИМА дар Сурия созишаш бо Амрико дар заминаи ҷилавгирӣ аз ҳаводиси ҳавоиро бар фарози кишварҳои Ховари Миёна бозмедорад. Дар изҳороте рӯзи 7 апрел вазорати хориҷаи Русия инчунин ба хотири баррасии қазия ба ташкили нишасти изтирории Шӯрои амнияти СММ даъват кард. ИМА дар посух ба он ки, ба гуфтааш ҳукумати Башор Асад дар Сурия аз силоҳи кимиёӣ истифода кардааст, як пойгоҳи ҳавоии ин кишварро ҳадаф қарор дод. Дар изҳороти Русия, ки муттафиқи ҳукумати Башор Асад аст, гуфта шуд, ки ИМА “ҳодисаи кимиёӣ” дар Идлибро ҳамчун баҳонаи анҷоми як амалиёти низомӣ дар кишваре истифода кард, ки бо “терроризми байналмилалӣ” дар ҳоли ҷанг аст.

Дар ин изҳорот ҳамлаи мушакӣ як “амали рӯшани таҷовузгарона алайҳи Сурияи соҳибистиқолол” қаламдод шудааст. ИМА ва Русия дар Сурия амалиёти аз ҳам ҷудои низомӣ пеш мебаранд. Дар ҳоле, ки ИМА зидди ҷангиёни гурӯҳи “Давлати исломӣ” меҷангад, Русияро дар ҳадаф қарор додани мухолифони ҳукумати Башор Асад муттаҳам мекунад.

XS
SM
MD
LG