Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назарбоев: "Дар саммити Остона Ҳинду Покистон узви СҲШ мешаванд"


Нурсултон Назарбоев, президенти Қазоқистон гуфт, дар саммити Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) интизор меравад, Ҳиндустону Покистон ба ҳайси узви комилҳуқуқи созмони мазкур пазируфта шаванд. Дар ин бора Назарбоев дар мулоқот бо котиботи шӯрои амнияти СҲШ дар Остона хабар дод.

СҲШ соли 2001 таъсис шуда ва дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбакистон ва Чину Русия узви ин созмон ҳастанд. Чанд кишвари дигар, аз ҷумла Ҳиндустон, Покистон ва Эрон мақоми нозирро соҳибанд. Саммити СҲШ дар Остона рӯзҳои 7-8 июни соли ҷорӣ дар назар дошта шудааст.

"Бояд ҳамкории СҲШ бо сохторҳои дигари минтақавӣ ва ҷаҳонӣ - амсоли СММ, СПАД густариш ёбад. Мо бар ин боварем, ки ин ҳамкориҳо барои рушди ояндаи созмон таъсир хоҳанд дошт", - гуфт Назарбоев.

Дар саммити СҲШ дар Тошканд моҳи июни соли 2016 президенти Русия Владимир Путин гуфт, умедвор аст, Ҳиндустону Покистон дар саммити навбатии СҲШ узви комилҳуқуқи ин созмон хоҳанд шуд.

XS
SM
MD
LG