Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Узбакистон омӯзгорон таҷовуз ва ҳомиладории хонандаро пинҳон кардаанд


Дар ноҳияи Хеваи вилояти Хоразми Узбакистон ҳафтаи гузашта як қатор омӯзгорон ва табибе, ки мехостанд ҳомиладории хонандаи 15-солаи мактаби №31-и деҳаи "Саёд" Т.М.-ро пинҳон кунанд, аз кор озод шудаанд.

Ин наврас, ки мегӯяд ҳамсояашон ба номуси ӯ дастдарозӣ кардааст, пас аз чанд талоши худкушӣ зери парастории равоншиносон аст. Роҷеъ ба ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.

Як масъули Идораи маорифи вилояти Хоразм гуфт, раҳбарияти ин ниҳод қазияи ҳомиладории хонандаи 15-соларо дар Хева зери назорати шахсии худ гирифтааст. "Табибон баъди ташхис фаҳмиданд, ки хонандаи синфи 8-ум ҳомиладор аст, ба Идораи маориф ва Шуъбаи умури дохилӣ хабар доданд. Тавре маълум шуд, ҳодиса ҳангоми ҳузури онҳо дар хонаи модарбузургашон, тобистони соли гузашта рух додааст. Ӯро замоне, ки мехост, худкушӣ кунад, наҷот додаанд", - афзуд ҳамсуҳбати мо.

Ба гуфтаи масъули Идораи маорифи вилояти Хоразм, раҳбарияти мактаб то замони ташхис талош кардааст, ки ҳомиладории хонандаи худро пинҳон кунад. Вале табибон ошкор кардаанд, ки тифли ӯ шашмоҳа шудааст. Муовини мудир оид ба таълим Гулнора Юсупова, муовини мудир оид ба тарбия Рӯзимат Назаров, роҳбари синфи хонанда Ирода Саъдуллоева ва ҳамчунин равоншиноси мактаб Нафосат Вайсова аз кор ронда шуданд. Барканории мудири мактаб Рустам Хоҷаев низ пешниҳод шудааст.

"Вақте роҳбари синф мегӯяд, ки биёед, ба шуъбаи кор бо ноболиғони пулис муроҷиат карда, гӯем, ин духтар рӯзҳои ахир зиёд ба дарсҳо намеояд, мудир гуфтааст, "обрӯи мактаби мо ба ҳеч ваҷҳ набояд халалдор шавад", - афзуд масъул.

Ин дар ҳолест, ки соли гузашта дар пайи обистании як хонанда аз бародари худ дар ноҳияи Шовони Хоразм ба мудирони мактабу раҳбарони идораҳои дигар ҳушдор дода шудааст. Қарор аст, хонандаи мазкур моҳи оянда таваллуд кунад. Барои волидони ӯ чи навъи ҷазо таъйин шудааст, ҳанӯз маълум нест.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG