Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медведев таҳқиқоти Навалнийро "сафсата" номид


Дмитрий Медведев
Дмитрий Медведев

Сарвазири Русия Дмитрий Медведев бори нахуст таҳқиқоти Бунёди мубориза бо коррупсия дар бораи молу мулк ва бунёдҳои марбут ба худашро шарҳ дод. Ба гуфтаи раиси ҳукумати Русия, пушти, ба истилоҳ, ин гуна таҳқиқҳо "кӯшишҳои баровардани мардум ба кӯчаҳо ва расидан ба ҳадафҳои сиёсиву худхоҳона" нуҳуфтааст.

Медведев муассиси Бунёди мубориза бо коррупсия Алексей Навалнийро "қаҳрамони машҳур"-е хонд, ки ошкоро даъват мекунад, то ӯро президент монанд. Вай муҳтавои таҳқиқотро "сафсата ва баъзе аз ҳуҷҷатҳо"-ро ба "обмева" монанд донист.

Сарвазири Русия афзуд, ба ин ҳама ҳамлаву ҳангомаҳо нигоҳ накарда, корро дар мақоми худ идома медиҳад. Рӯзи 26 март дар саросари Русия, бахусус шаҳри Маскаву Санкт-Петербург тазоҳуроти дастҷамъии зиддикоррупсионӣ баргузор шуд. Президенти Русия Владимир Путин ин эътирозҳоро ба "Баҳори араб" ва "Евромайдон" монанд кард.

Бунёди мубориза бо коррупсия 2 март дар бораи Медведев филми мустанадеро нашр кард. Муаллифони филм пайванди сарвазири Русияро бо шабакаи бунёдҳои хайриявие ошкор мекунанд, ки дар саросари Русия ва хориҷ аз он соҳиби як қатор қасру хонаҳои боҳашамат ва киштии гаронарзиш ҳастанд.

XS
SM
MD
LG