Пайвандҳои дастрасӣ

Русияву Белорус баҳсҳои марбути газро ҳал карданд


Русияву Белорус аз ҳал шудани баҳсҳои марбут ба интиқоли газ хабар доданд. Баҳси газ муносибатҳои ду кишварро ба ташаннуҷ расонида буд. Президенти Русия Владимир Путин ва президенти Булорус Александр Лукашенко 3 апрел дар Санкт-Петербург мулоқот карданд ва ба баҳсҳо онҷо нуқта гузоштанд.

Ба гуфтаи Путин, ҷузъиёти созиш давоми даҳ рӯз ҳамоҳанг мешавад. Вай афзуд, ҷонибҳо дурнамои рушди ҳамкориҳоро то соли 2020 баррасӣ карданд.

Ноиб-сарвазири Русия Аркадий Дворкович хабар дод, ки Белорус қарзи газро дар ҳаҷми 726 миллион доллар бояд зина ба зина пардохт кунад. Дар иваз Русия интиқоли газро дубора аз сар мегирад.

Дар чанд моҳи охир Лукашенко ба такрор аз Русия интиқоди шадид кард. Вай Москваро айбдор кад, ки қарордодҳоро риоя намекунад ва интиқоли газро барои "аз гулӯи Белорус доштан" истифода мебарад. Ба иттилои Минск, шуруъ аз декабри соли 2015, замони ба иҷро даромадани созишнома дар бораи таъсиси Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, Русия қимати газро ду баробар боло бурд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG