Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп гуфт, аз Сисӣ ва мардуми Миср пуштибонӣ мекунад


Президенти ИМА Доналд Трамп аз раҳбари Миср Абдулфаттоҳ Ас-Сисӣ дар ҷараёни мулоқоташ рӯзи 3 апрел «барои коли олиаш» ситоиш кард ва гуфт, ки ИМА дар пушти Миср ва мардуми ин кишвар қарор дорад. Дар изҳороти муштарак, ки дар поёни нишаст нашр шуд, ба зарурати пойдории сулҳ дар Ховари Миёна, бахусус Либия, Сурия ва Яман таъкид шудааст. Онҳо инчунин гуфтанд, ки хостори кӯмак ба ҷараёни сулҳи Исроилу Фаластин мебошанд. Ҳарду раҳбар гуфтанд, ки мубориза бо ҷангиёни исломӣ танҳо аз роҳҳои низомӣ имконпазир нест ва ҳарду раҳбар ба ин назаранд, ки «бояд зарурати табиати сулҳпарвари Ислом ва мусалмонҳои саросари ҷаҳон эътироф шавад».

Қабл аз мулоқот маъмурияти Кохи Сафед гуфт, ки ИМА мехоҳад робитаҳои дучори мушкилшуда бо ин муттафиқи қадимааш дар Хорвари Миёнаро дубора барқарор кунад. Робитаҳои раҳбари Миср бо президенти собиқи Амрико Барак Обама дучори мушкил шуда буд. Ҳуснӣ Муборак охирин раҳбари Миср буд, ки соли 2010 дар як музокироти сулҳи Ховари Миёна дар Кохи Сафед меҳмон шудааст. Баъди ин дар ҳодисаҳои маъруф ба Баҳори Араб Муборак аз мақомаш барканор шуд. Баъди он ки Сисӣ соли 2013 ҳукумати Муҳаммад Мурсиро дар соли 2013 дар натиҷаи эътирозҳои сартосарӣ сарнагун кард, робитаҳои Амрикову Миср печидатар шуд. Трамп гуфт, ки пурра аз ҳукумати Сисӣ пуштибонӣ мекунад, чунки ӯ, ба қавли Трамп, дар шароити сангин корҳои сахтеро анҷом додааст.

XS
SM
MD
LG