Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Алмаато муҳокимаи "ғоибона"-и парвандаи Аблязов идома ёфт


Дар Алмаато муҳокимаи парвандаи роҳбарони пешини бонки БТА-и Қазоқистон шуруъ шуд. Онҳо дар дуздӣ ва истифодаи ғайриқонунии пули бонк айбдор мешаванд.

Муҳокимаи додгоҳӣ бе иштироки айбдоршавандаи асосӣ - раиси пешини бонк Мухтор Аблязов баргузор мешавад. Вай дар хориҷ ба сар мебарад. Дар додгоҳ аз ҳуқуқҳои Аблязов вакили дифои давлатӣ Анжелика Ажигулова ҳимоят мекунад.

Тафтишот мегӯяд, Аблязов гуруҳи муташаккили ҷиноие созмон дода буд, ки бештар аз 100 узв дошт. Судя Мартпек Какимҷонов аз айбдоршавандаҳо пурсидааст, ки оё гуноҳашонро эътироф мекунанд. Жаксилик Жаримбетов, яке аз айбдоршавандаҳо, ки моҳи январ аз Туркия истирдод шуд, гуфт, комилан айбҳои эълоншударо эътироф мекунад. Кайрат Содиқов ва Садуакас Мамеш, айбдоршавандаҳои дигари парвандаи мазкур қисман айбҳоро эътироф кардаанд.

Мухтор Аблязов борҳо айбномаи эълоншударо рад карда, онро сиёсӣ номид. Вай ҳукумати Қазоқистонро айбдор кард, ки бузургтарин бонки кишвар - бонки БТА-ро аз вай гирифтанд.

XS
SM
MD
LG