Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди САҲА аз интихоботи порлумонии Арманистон


Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) аз интихоботи порлумонии 2 апрели Арманистон интиқод кард. Ба гуфтаи созмон, раъйдиҳиро "хабарҳо дар бораи харидории овозҳо ва фишор болои интихобкунандагон" хатчадор кардаанд.

Дар изҳороти 3 апрели САҲА омадааст, ки дахолат дар раванди раъйдиҳӣ сабаби нобоварии комили ҷомеа ба интихобот шуд. Ҳамчунин аз фишорҳо болои хидматчиёни давлатӣ ва кормандони ширкатҳои хусусӣ гуфта шудааст.

"Мутаассифона, ин равандро хабарҳои такрорӣ дар бораи харидории овозҳо, таҳдиди интихобкунандагон, бахусус хидматчиёни давлатӣ дар мактаб ва беморхонаҳо, кормандони ширкатҳои хусусӣ ва ҳолатҳои сӯистифода аз мақом хатчадор карданд", - омадааст дар изҳороти САҲА аз қавли раҳбари ҳайати порлумони Аврупо Ҳейди Ҳаутала.

Бино ба назарпурсиҳо, Ҳизби ҳокими ҷумҳурихоҳи Арманистон, ки раҳбарии онро президент Серж Саргсян ба зимма дорад, дар интихобот пирӯз шуда, тақрибан 50%-и раъйи мардумро ба даст овардааст.

XS
SM
MD
LG