Дастаи "Истиқлол"-и Душанбе, қаҳрамони Тоҷикистон, дар дувумин бозиаш дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2017 дар гурӯҳи “D” имрӯз, 4 апрел, дар меҳмонӣ бо тими «Олтин Асир»-и Балканобод, қаҳрамони Туркманистон, рақобат мекунад. Ин бозӣ соати 17:00 шуруъ мешавад.
Мӯҳсин Муҳаммадиев, сармураббии дастаи «Истиқлол», дар як нишасти хабарӣ, ки пеш аз ин бозӣ 3 апрел дар Балканобод баргузор шуд, гуфтааст, ки ба бошгоҳи «Олтин Асир» эҳтиром дорад ва аз қуввати ин даста хуб огаҳ аст. Ба қавли ӯ, бозӣ хеле шавқовару пуршиддат хоҳад гузашт. “Мо танҳо як вазифа дорем – пирӯзӣ дар ҳар як бозӣ. Фикр мекунам, ки рақибамон ҳам чунин вазифа дорад. Умуман, ҳамаи дастаҳое, ки дар ин гурӯҳ ҷамъ омадаанд, як мақсад – бурд кардан ва роҳ ёфтан ба даврӣ баъдиро доранд”, - иброз доштааст Мӯҳсин Муҳаммадиев.
Дар бозии дигари гурӯҳи “D” имрӯз дастаи “Дордой”-и Бишкек, ҷоизадори нуқраи қаҳрамонии Қирғизистон, дар майдони худ бо «Олой»-и Ӯш, қаҳрамони ин кишвар, рӯбарӯ хоҳад шуд.
Ёдовар мешавем, дастаи "Истиқлол" дар нахустин бозиаш дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2017 дар гурӯҳи “D” бар тими «Дордой» бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуда буд. Дар ин бозӣ, ки 14-уми март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе барпо гардид, ҳисобро ҳимоятгар Девид Мавутор, легионери африқоӣ аз Гана, дар дақиқаи 17-ум боз кард. Баъд аз панҷ дақиқа Ҷаҳонгир Алиев тӯби дувумро ба дарвозаи “Дордой” ворид намуд.
Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии даври аввали мусобиқа дастаҳои “Истиқлол” ва “Олтин Асир” сеимтиёзӣ ба даст овардаанд. Вале тимҳои “Олой” ва “Дордой” имтиёз надоранд.
Ҷоми AFC-2017
Гурӯҳи "D". Минтақаи марказӣ
Даври 1-ум
14 март (сешанбе)
«Истиқлол» (Тоҷикистон) – “Дордой” (Қирғизистон) – 2:0
«Олой» (Қирғизистон) – «Олтин Асир» (Туркманистон) – 1:2
Даври 2-юм
4 апрел (сешанбе)
«Олтин Асир» (Туркманистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)
“Дордой” (Қирғизистон) – «Олой» (Қирғизистон)
Даври 3-юм
18 апрел (сешанбе)
«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Олой» (Қирғизистон)
“Дордой” (Қирғизистон) – «Олтин Асир» (Туркманистон)
Даври 4-ум
3 май (чоршанбе)
«Олой» (Қирғизистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)
«Олтин Асир» (Туркманистон) – “Дордой” (Қирғизистон)
Даври 5-ум
17 май (чоршанбе)
“Дордой” (Қирғизистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)
«Олтин Асир» (Туркманистон) – «Олой» (Қирғизистон)
Даври 6-ум
31 май (чоршанбе)
«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Олтин Асир» (Туркманистон)
«Олой» (Қирғизистон) – “Дордой” (Қирғизистон)
Салом. Бародарони тоҷик шумо фақат бо забони русси ин калимаро дар (гугл ё яндекс) КАРТА ПЕРСИДСКОЕ ЦАРСТВО сирт (поик) кунед мебинед, ҳақиқати заминро, ки аз хитой ҳаст ё форсҳо.
Маълум мешавад ки ин давлат не дар дорад не дарвоза бо сархадбонаш. Чи хел мешавад ки шахси ки нисбаташ додгох хукм баровардааст ґайб мезанад , ин нозири минтакавии ки додрас зиндаги мекард чи кор мекунад ки гумонбар ґайб задааст.?
офарин сад офарин хеч гох нагузоред мардум ки ин кавми аъчучу маъчуч сарзамини азизи моро ки аз тули касрхо аз ачдодонамон мондааст гасб кунанд!бо хам биеед!махалгарои накунед!мо дируза чанги бародаркуширо набояд такрор кунем ки 200хазор нафар мардуми Ватанамон фавтиданд !афсус афсус!точикистон ба пеш!
Чи гунае агар таьрихро таьрихнигорон тоб диханд Осие миена ва худуди Точикистони имруза ва шарки он ва Афгонистону Покистону Хиндустони шимоли асло худиди Чинихо набуданд ва Чинихо танхо рохи тичоратро пеш гирифта буданду аз лашкаркаши метарсиданд ба ин худудхои ва пеш аз ислом низ асло фикри Осиеи Миенаиро намекардан ва аз Сосониену Кушониен метарсиданд ва агар дар Шарки дур ва Аврупо гуломхо сиехтан буданд пас дар Худуди Сосониену Хакони Турк аслан гулому канизакхои Форсу Эрони ва Турку Сосониву Кушони чини табор буданд зеро занхои Чинихо Аслан зебошакл ва модел буданд ба кавли имруза, ки хар як хонадону точику турку форс як тои канизи чини доштанд ва хатто арабхо ончунон мафтуни сохиб шудани гелмон (чинси наринаи чиние, ки аз мардинаги ба хотири гуломи даст кашида буданд)ва канизи чини буданд, ки ба хотири ин ва танхо ин, ба мулки Сосони хучум карданд танхо бо хотири ба даст овврдани гулому канизи чини ... Ва он нафарони беномусе, ки модаронни худро раккосаи чини меноманд бояд инро донанд... Ва аз ин сабаб пеш аз ислом Империяи Тани Сугди шакле, ки аслан аз сарчашмаашон мардони Форсу Турк буданд ташкил ефт ва ба хотири ирси хешу табори, ва тичорати гуломфурушии чини ба гарбу шарки дур рохи Осиеи Миенаро пеш гирифтанд на ба хотири ба даст овардани ин худудхо Ин матолиб аслан матолиби тахкири нест ва хадаф танхо нишон додани таьрихи ин минтакааст ва умед аз РО он аст ки инро чоп кунанду фаромушгарони таьрихи худ аккалан андакхам бошад бубинад ва ягон мазмуни сиеси ин матолиб надорад... Ва дар гузаштаву хозираву оянда мо сохибони гарби Чину Осиеи Миена ва Шарки дур хастем на ачнабиен хатто арабхову хиндухо хуни Форсу Точики ва Сугдиву Турки доранд Чи расад ба Чини Бостониву Чини пуркувати имруза яьне фарзандони Чини фарзандони мо низ хастанд, ба мисли оне, ки Аврупои шарки Ориеи начоданд чинихо низ Ориеи ва куриеи хастанд...
бисер мавзуи мухимро устод думболагири кардед ,мавзуи руз ,мавзуи гуфтани то хамаги бидонанд ки точикхо миллати аслии ин макону манзил,хитои агар таммадун мебуд хеч вакт мору каждум намехурд