Пайвандҳои дастрасӣ

Нӯҳ мулкӣ дар Афғонистон дар таркиши махфигоҳи машкук кушта шуданд


Акс аз бойгонӣ аст

Мақомоти Афғонистон гуфтанд, дар натиҷаи таркише дар Ҳилманд 9 узви як оила кушта шуданд. Таркиш дар лаҳзае рух дод, ки як воҳиди низомии артиш махфигоҳи ошкоршудаи силоҳу муҳимотро ошкор кард. Умар Звак, сухангӯи волии Ҳирот гуфт, ки вақте низомиён мехостанд захиргоҳи машкуки силоҳро безарар гардонанд, таркиш рух дод. Расул Зазия, сухангӯи артиши Ҳилманд амалиётро дар Лашкаргоҳ, маркази маъмурии Ҳирот тасдиқ кард.

Ба иттилои мақомот, дар миёни нӯҳ қурбонии мулкии ин таркиш ду кӯдак, се зан ва панҷ марди узви як хонавода буданд. Дар паи таркиш боми хонаи онҳо сарозер шуд ва ҳамаи онҳо зери овор монда мурданд. Ба гуфтаи волии Ҳирот, бовар меравад, ки дар ин ҳодиса як нафари дигар ҳам қурбон шудааст, вале ҳанӯз ҷасади ӯ аз зери харобаҳо берун оварда нашудааст. Ин ҳодиса таҳқиқ мешавад. Бахши аъзами вилояти Ҳиротро Толибон назорат мекунанд ва танҳо Лашкаргоҳ дар зери назари нирӯҳои ҳукуматӣ қарор дорад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG