Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Туркманистон корхонаи маъданҳои куҳии Гарлиқ ба кор даромад


Раҳбарони Белорус ва Туркманистон -- Александр Лукашенко ва Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов корхонаи коркарди маъданҳои куҳии Гарлиқро ифтитоҳ карданд.

Ин корхонаро мутахассисони белорус бар пояи созишномаи ду кишвар дар шарқи Туркманистон бунёд карда, 31 март расман ба кор даромад.

Санги асоси онро раҳбарони Туркманистон ва Белорус соли 2009 гузошта буданд ва бояд охирҳои соли 2015 ба истифода дода мешуд. Корҳои сохтмониро ширкати белорусии "Белгорхимпром" анҷом додааст.

Корхонаи мазкур бар ивази 1 миллиард доллари ИМА бунёд шуда, ҳамасола 1,4 миллион тонна маъдани куҳӣ истеҳсол хоҳад кард.

Президент Лукашенко дар мулоқот бо ҳамтои туркманаш гуфт, Белорус барои Туркманистон дар маркази Аврупо "пуштибони боэътимод" аст. Бердимуҳаммадов низ дар навбати худ, изҳор дошт, ки Ишқобод ҳангоми ҳалли ҳама гуна масоил ба Минск такя мекунад.

XS
SM
MD
LG