Бозиҳои даври чоруми мусобиқаи лигаи олии футболи Тоҷикистон рӯзҳои 1-ум ва 2-юми апрел баргузор шуданд. Дар бозии марказии даври гузашта тими «Ҳосилот»-и Фархор дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзодаро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод.
Голи ягонаро др ин бозӣ, ки 1-уми апрел дар майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе барпо гардид, капитани “Ҳосилот” Сафаралӣ Каримов дар нимаи дувуми дидор аз ҷаримаи 11-метрӣ ба ҳадаф расонд.
Рӯзи шанбе боз як бозии даври чорум миёни дастаҳои «Панҷшер»-и Балхӣ ва ССКА «Помир»-и Душанбе, ки дар варзишгоҳи ба номи Ӯктам Маматови ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ баргузор шуд, бо ҳисоби 0:0 хотима ёфт.
Бозии дигари даври чорум, ки миёни тимҳои “Барқчӣ»-и Ҳисор ва «Вахш»-и Қӯрғонтеппа 2-юми апрел дар варзишгоҳи “Авиатор”-и Душанбе сурат гирифт, бо натиҷаи мусовӣ ва бидуни гол ба поён расид.
Ҳоло дар ҷадвали мусобиқа «Ҳосилот” бо 9 имтиёз дар зинаи аввал, «Регар-ТадАЗ» ва “Панҷшер” бо 5-имтиёзӣ мутаносибан дар зинаҳои дувуму севум қарор доранд. «Истиқлол», ки ду бозӣ камтар кардааст, бо 4 имтиёз дар ҷойи чорум мебошад.
Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 4-ум
«Регар-ТадАЗ» – «Ҳосилот» – 0:1
Гол: Сафаралӣ Каримов, 70 – аз пеналтӣ.
Огоҳонида шуданд: Фирӯз Қараев, Евгений Хотимский, Далер Азизов («Регар-ТадАЗ»), Шодибек Ғаффоров, Сафаралӣ Каримов, Агблей Ҷонс («Ҳосилот»).
Аз майдон хориҷ шуд: Саидхони Амрохон («Регар-ТадАЗ»), 90+2 – корти 2-юми зард.
Сардовар: Сайвалӣ Турдиев (Вахш).
1 апрел. Душанбе. Майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 1200 тамшобин.
«Панҷшер» – ССКА «Помир» – 0:0
Огоҳонида шуданд: Равшан Азизов («Панҷшер»), Шамсиддин Қосимов, Мисиам Иносент (ССКА «Помир»).
Сардовар: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд).
1 апрел. Ҷалолиддини Балхӣ. Варзишгоҳи Ӯктам Маматов. 4200 тамошобин.
2 апрел (якшанбе)
«Барқчӣ» – «Вахш» - 0:0
Огоҳонида шуданд: Ҳувайдо Малиев, Муӯҳсинҷон Парпиев, Кароматулло Саидов («Барқчӣ»), Холмурод Назаров («Вахш»).
Сардовар: Хусрави Сиддиқзод (Душанбе).
Душанбе, варзишгоҳи «Авиатор», 300 тамошобин.
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа
Ҷ |
ДАСТАҲО |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т |
И |
1 |
«Ҳосилот» (Фархор) |
4 |
3 |
0 |
1 |
7-3 |
9 |
2 |
«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) |
4 |
1 |
2 |
1 |
2-2 |
5 |
3 |
«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ) |
4 |
1 |
2 |
1 |
2-4 |
5 |
4 |
«Истиқлол» (Душанбе) |
2 |
1 |
1 |
0 |
6-0 |
4 |
5 |
«Хуҷанд» (Хуҷанд) |
3 |
1 |
1 |
1 |
3-2 |
4 |
6 |
«Барқчӣ» (Ҳисор) |
4 |
1 |
1 |
2 |
2-8 |
4 |
7 |
ССКА «Помир» (Душанбе) |
3 |
0 |
3 |
0 |
0-0 |
3 |
8 |
«Вахш» (Қӯрғонтеппа) |
4 |
0 |
2 |
2 |
0-3 |
2 |
Нишонзанҳо: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 3 тӯб, Дмитрий Барков («Истиқлол»), Агблей Ҷонс («Ҳосилот»), Фирӯз Раҳматов («Регар-ТадАЗ»), Дилшод Бозоров («Хуҷанд») – 2-тӯбӣ.
Даври 5-ум:
8 апрел (шанбе)
Оғози бозӣ – соати 16:00
«Вахш» – «Регар-ТадАЗ»
«Хуҷанд» – «Панҷшер»
9 апрел (якшанбе)
Оғози бозӣ – соати 16:00
ССКА «Помир» – «Барқчӣ»
10 апрел (душанбе)
Оғози бозӣ – соати 16:00
«Ҳосилот» – «Истиқлол»
салом радиои озоди хамааш хакикат аст..вкд мекунанд чунин рафторо ман бовар дорам чунки ман хакикатро дидаам манро низ чунин карданд.
Дигар ҳама сабзавот гаштанд. Мебинен 27 сол равонаи зиндон мешавад.
ман хамчу як шахрванди точикистон ба акаи изат амон озоди хохонам . бисёри навороша дидам ба худо гиря кардам !
Иззат Амон кахрамони миллати точик. Ягона точикеки баьди поши шурави унвони кахрамониро аз тарафи мардум оди гирифт. Озоди БА ИЗЗАТ АМОН.
Чи дуруг гуфта худата кулоби мегири? Аз гапот малумайки як фермаи чавоби, тарзе гап мезаники гуё хами минтакаи кулоб хама тарафдори хукуматай. Ина мА аз Кулобм мисли садхо хазор кулоби аз ранги хукуматдоро безорм. Аз номи кулобихо нанавесен гапои дуруг. Ту пистолет гардонира як тараф мон агар як таёк гирад мардум шаваки хамат тарафи туркия мегрезан. Ки бдани шмора сад фоиз медонем. Хозир шукрона мо точик мегем на инки кулобу гарму бадахшон, ва шумо чоплусо сахт аз якчоягии миллат метарсен. Дар охир хамдарди аз мардуми кулоб ба ахлу оилаи хамин чавони кушташуда.