Пайвандҳои дастрасӣ

Баъди қазияи Устопириён. Дарси одоб ба варзишгарони тоҷик


Дар пайи қазияи Комроншоҳи Устопириён, паҳлавони маъруфи тоҷик, тамоми мактабҳои варзишии Тоҷикистон дастур гирифтаанд, ки миёни дастпарварони худ дар мавзӯи одобу ахлоқ “корҳои фаҳмондадиҳӣ” гузаронанд.

Ба гуфтаи Назарзода, ҳоло тамоми мактабҳои варзишӣ як моҳ муҳлат гирифтаанд, то таклифу пешниҳодҳои худро вобаста ба қоидаҳои одобу вазифаҳои варзишгар пешниҳод кунанд

Гуштигири маъруф баъди онки дар як мусобиқае рӯзи 23 март дар “Наврӯзгоҳи пойтахт” бо ишораи даст дашном дод, барои ду сол аз ҳаққи иштирок дар мусобиқаҳои гуштии миллӣ дар дохили кишвар маҳрум гардид. Худи варзишгар баъдан узр хост ва дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бархе аз мухлисон ӯро бо садои баланд дашном доданд ва ӯ “ба эҳсосот дода шуда, ҷавоби онҳоро баргардонд”, бехабар аз онки ин саҳна тавассути дурбинҳои телевизион сабт ва намоиш дода мешавад.

Ризо Назарзода
Ризо Назарзода

Мақомоти Кумитаи варзиши Тоҷикистон гуфтанд, ки ба зудӣ як дастурамали умумии қоидаҳои одоб таҳия ва ба тамоми муассисаҳои варзишӣ пешниҳод хоҳад шуд. Ҳадаф аз ин ҳама ба гуфтаи мақомоти кумита, боло бурдани одобу масъулияти варзишгар ва эҳтиром ба варзиш аст.

Ризо Назарзода, муовини аввали Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, рӯзи 1 апрел дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “ҳоло талош дорем, ба варзишгарон фаҳмонда шавад, ки варзишгари асил бояд чӣ гуна бошад, чӣ гуна рафтору одоб дошта бошад ва бояд худро дар чорабиниҳо чӣ хел муаррифӣ кунад.” Ба гуфтаи Назарзода, ҳоло тамоми мактабҳои варзишӣ як моҳ муҳлат гирифтаанд, то таклифу пешниҳодҳои худро вобаста ба қоидаҳои одобу вазифаҳои варзишгар пешниҳод кунанд ва дар асоси ин ҳама қоидаи ягонаи одоб таҳия мешавад.

Ҳамин тавр, дар тамоми муассисаҳои варзишӣ гӯшаҳои махсус таъсис ёфта, дар он ин қоидаву ҷазоҳо барои варзишгарон дарҷу пешниҳод мешавад. Ризо Назарзода мегӯяд, “минбаъд, тамоми муассисаҳо аз рӯйи ин қоидаҳо фаъолият хоҳанд кард. Мо ба варзишгар имкон медиҳем, аммо дар баробари ин варзишгар бояд тартибу интизомро риоя кунад.”

Мактаб ва Федератсияи Таэквандо ва кикбоксинги Тоҷикистон, яке аз аввалин мактабҳое шудааст, ки дастурамали қоидаҳои одоби варзишгаронро таҳия ва пешниҳод кард. Наргис Набиева, муовини раҳбари Федератсияи мазкур, мегӯяд, мактаби онҳо то имрӯз ҳам низомномаи намунавии ахлоқи варзишгарро дошт, аммо акнун воқеан ҳам зарурати таҳияи қоидаи махсус пеш омадааст. Ба гуфтаи Набиева, қазияи Устопириён шояд танҳо ҳодисае буд, ки ба дурбини телевизион афтод, аммо дар маҷмӯъ чунин ҳолатҳо дар варзиш зиёд рух медиҳанд.

Наргис Набиева
Наргис Набиева

Наргис Набиева мегӯяд, “қоидаҳои одоб вобаста ба намуди варзиш то ҷое фарқ мекунанд. Барои мисол, дар намуди варзиши Таэквандо барои рафтори ноҷо нисбат ба варзишгар ҷазоҳои сахт пешниҳод шудааст. Ӯ метавонад умуман аз ширкат дар сабқатҳо маҳрум шавад. Ҳатто агар нисбат ба қолини варзишӣ ноҳурматӣ кунад, ӯро аз бозӣ маҳрум мекунанд. Ин ҳолатҳо шуда буд.”

Дар варзиши ҷаҳонӣ мавридҳои муҷозоти варзишгарони номӣ барои рафтори ноҷояшон зиёд мушоҳида шудааст. Аз ҷумла, Леонел Месси, Зайниддин Зидан ва дигарҳо барои истифодаи алфози қабеҳ дар вақти бозӣ муҷозот шудаанд.

Ба гуфтаи муттахассисони соҳаи варзиш, бархе аз варзишгарони ҷавон ҳанӯз аз ҷиҳати равонӣ барои иштирок дар сабқатҳои ҷиддӣ пурра омода нашудаанд ва наметавонанд бохтро ором қабул кунанд. Муҳимтарин қоида дар варзиш ба гуфтаи Алиаҳмад Мӯсоев, устоди варзидаи гуштӣ, эҳтиром ба рақиб ва мухлису доварон аст ва варзишгар дар ҳама ҳолат бояд худро идора кунад. “Баъзан дар мусобиқаҳо мебинем, ки нисбат ба довар дағалӣ мешавад. Ин нодуруст аст. Тибқи қоида агар довар ноҳақ аст, намояндаи варзишгар бояд шикоят нависад ва аъзои комиссияи доварон онро таҳқиқ мекунанд. Агар варзишгар, барои мисол, зарари ҷиддӣ ваё ноҳаққӣ дид, набояд худаш дахолат кунад. Ӯ аслан ин ҳақро надорад.”

Федератсияи Таэквандо ва кикбоксинг пешниҳод кардааст, ки дар назди кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ як кумитаи интизомӣ таъсис дода шавад ва дар он муттахассисони соҳавӣ аз тамоми муассисаҳои варзишӣ ҷалб шаванд. Ин кумита, ба гуфтаи Наргис Набиева, бояд ҳам ҷиҳати пешгирии ҳолати рафторҳои ноҷои варзишгарон ва ҳам ҷазо нисбат ба онҳоро баррасӣ кунад.

Ба қавли мутахассисони соҳаи варзиш, варзишгар, ки чеҳра ва муаррифгари як миллат дар сабқатҳои ҷаҳонӣ аст, бояд бо рафтору одоби худ ва ҳатто сару либос худ фарқ кунад ва намунаи олӣ бошад. Аммо бархе аз варзишгарон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ахлоқи онҳо ба ҳадди ташвиш нарасидааст ва набояд мояи нигаронӣ бошад. Онҳо гуфтанд, ҳама гуна кӯшиши ба чаҳорчӯбаи танг ворид кардани фаъолияти онҳо метавонад бисёриҳоро ё аз майдони сабқат берун кунад ё маҷбур кунад, берун аз ватан ба кору зиндагӣ машғул шаванд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG