Пайвандҳои дастрасӣ

ИМА талаботашро иваз мекунад: истеъфои президенти Сурия дигар ҳатмӣ нест


Намояндаи доимии ИМА дар СММ Никки Хейлӣ рӯзи панҷшанбе гуфт, вазифаи муҳимтарини ҳукумати Доналд Трамп дар муносибат бо Сурия истеъфои президент Башор Асад нест, балки пайдо кардани шариконест, ки дар самти ҳалли буҳрони иҷтимоӣ дар ин кишвар бо Вашингтон ҳамкорӣ кунанд.

Рӯзи панҷшанбе дар мавриди Асад аз котиби давлатии ИМА Рекс Тиллерсон, ки дар Туркия қарор дорад, низ пурсида шуд. Вай гуфт, ҳукумати кунунии ИМА ба фарқ аз ҳукумати пешин масъалаи истеъфои Асадро дар авлавият қарор намедиҳад. "Сарнавишти сиёсии ӯро дар ояндаи тӯлонимуддат мардуми Сурия ҳал мекунад", - гуфт котиби давлатии ИМА.

Мавқеи нисбатан беҳтареро раиси кумитаи кор бо нерӯҳои мусаллаҳи ИМА дар Сенат Ҷон Маккейн гирифт. Вай гуфт, "Трамп набояд бо Русия вориди муомила шавад. Сокинони Сурия қудрат надоранд, ки мустақилона масъалаи президенташонро ҳал кунанд", - гуфт Маккейн.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG