Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари дипломати амрикоӣ ба Туркманистону Покистон ва Уммон


Як дипломати амрикоӣ бо нияти баррасии мавзӯи аққалиятҳои мазҳабӣ ва озодиҳои динӣ ба Покистон, Уммон ва Туркманистон сафар мекунад. Департаменти давлатӣ рӯзи 29 март гуфт, Нокс Теймс – мушовири вижаи аққалиятҳои миллӣ дар Ховари Наздик ва Осиёи Ҷанубиву Марказӣ ба ин се кишвар дар рӯзҳои 29 март то 5 апрел сафар мекунад. Дар изҳороте гуфта шудааст, ки дар Покистон Теймс бо аъзои ҳукумат, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва аъзои гурӯҳҳои мазҳабӣ ба хотири баррасии мушкилоти аққалиятҳои динӣ гуфтугӯ мекунад. Дар Туркманистон ӯ бо мақомоти ҳукуматӣ ва гурӯҳҳои мазҳабӣ масъалаи озодиҳои диниро баррасӣ хоҳад кард. Тафсилоти дигар дар даст нест.

Видеоҳои охирин

Бархӯрди мотосиклҳо ҳангоми ҷашни Рӯзи Бастилия дар Фаронса
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:32 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG