Пайвандҳои дастрасӣ

Барои нахустин бор дар таърихи Тоҷикистон нахустин терминали боркашонӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бунёд мешавад. Ҷамила Ҳусейнова, сухангӯи Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе рӯзи панҷшанбеи 30 март зимни тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки “маросими гузоштани хишти аввали нахустин терминали боркашонӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе фардо, ҷумъаи 31 март баргузор мегардад”.

Ба гуфтаи хонуми Ҳусейнова, дар маросими бунёди терминали боркашонӣ Худоёр Худоёров, вазири нақлиёти Тоҷикистон, Ҳаҷиме Китаока, сафири Ҷопон дар Душанбе, масъулони созмони JIKA ва дигар созмонҳои байналмилалӣ, раҳбарони Фурудгоҳи байналмилалии Душанбеи ва хабарнигорон ширкат мекунанд. Хонум Хусейнова афзуд, ки терминали боркашонӣ дар чанд марҳила сохта мешавад, ки аз бунёди терминал ва таҷҳизонидани базаи парвози ҳавопаймоҳо иборат аст.

Ҳазинаи ин лоиҳа ҳудуди 18 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад ва дар сурати мавриди истифода қарор гирифтани он, садҳо тан аз шаҳрвандон соҳиби ҷои кор хоҳанд шуд. Оғози бунёди терминали боркашонӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар ҳолест, ки ду соли пеш бо кӯмаки Фаронса дар ин фурудгоҳ терминали мусофиркашонӣ сохта шуд. Маблағи ин лоиҳа 39 миллион доллари амрикоиро ташкил дод.

Терминали дуошёнаи нави фурудгоҳ метавонад дар як соат ба 500 мусофир хизмат расонад. Аз ин ҷо ҳар ҳафта даҳҳо парвози мустақим ба самтҳои Русия, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркия, Имороти Муттаҳидаи Араб ва Олмон сурат мегирад.

Фурудгоҳи Душанбе, ки дар маҳалли ҳозирааш аз соли 1964 амал мекунад, соли 2014 пурра навсозӣ ва ба истифода дода шуд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG