Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Китобҳои Айтматов - дар харитаи адабии ҷаҳон Қирғизистону Қазоқистон


Нашрияи бритониёии The Independent харитаи адабии ҷаҳонро муаррифӣ кард. Дар ин харита Қирғизистон дар шакли повести "Ҷамила"-и нависандаи ҷаҳонӣ Чингиз Айтматов тасвир шудааст.

Қазоқистонро ҳам романи "Рӯзи дарозтар аз қарн"-и Айтматов муаррифӣ мекунад. Ба навиштаи нашрия, китобҳо фарҳангҳои ғайрро ба хонандагон ошно мекунанд.

Хабар дода мешавад, ки харитаи адабии ҳар кишварро асари машҳуртарин ё муҳимтарин муаррифӣ кардааст. Ӯзбекистонро китоби Том Биссел "Дар ҷустуҷӯи баҳр", Тоҷикистонро романи "Хуррамобод"-и Андрей Волос, Туркманистонро "Ривоят дар бораи Айпӣ"-и Оқ Велсапар ва Русияро романи "Ҷанг ва сулҳ"-и Лев Толстой муаррифӣ кардаанд. Дар ин харита дар маҷмуъ 197 кишвари ҷаҳон нақш ёфтааст.

XS
SM
MD
LG