Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Доналд Трамп дар нишасти НАТО иштирок хоҳад кард


Президенти ИМА Доналд Трамп ният дорад рӯзи 25 май дар нишасти НАТО дар Брюссел иштирок кунад. Дар изҳороти Кохи Сафед аз рӯзи 21 март гуфта шудааст, ки Трамп бо нияти ширкат дар нишасти НАТО ӯҳдадориҳои қавии кишварашро дар баробари ин паймон ба намоиш мегузорад. Дар изҳорот гуфта шудааст, ки Трамп мехоҳад «дар баррасии масоили хеле муҳими паймони низомӣ, бахусус дар мавзӯи тақсими масъулиятҳо ва нақши НАТО дар мубориза бо терроризм» иштирок кунад.

Дар маъракаи интихоботиаш Доналд Трамп НАТО-ро як сохтори кӯҳнашуда номида нигарониҳоро аз мавқеи маъмурияти нави Кохи Сафед дар робита бо паймони низомӣ ба бор овард. Баъди ин ӯ пойбанд будани ИМА ба ӯҳдадориҳои худ дар баробари НАТО-ро таъкид кард, вале гуфт, ки ҳар кишвари узв бояд хароҷоти худро дар бахшҳои низомии ин созмон афзоиш диҳад ва ҳаққи узвияташро пардохт кунад. Дар изҳороти Кохи Сафед инчунин гуфта мешавад, ки рӯзи 12 апрел Трамп бо дабири куллии паймони НАТО Йенс Столтенберг дар Вашингтон дидору гуфтугӯ мекунад.

XS
SM
MD
LG