Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чораҳои шадиди амниятӣ дар Тоҷикистон. ВИДЕО


Сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва қудратии Тоҷикистон ба хотири баргузории ҷашни Наврӯз дар минтақаҳои кишвар, бахусус шаҳри Душанбе, тадобири амниятиро рӯи даст гирифтаанд. Муҳаммадҷон Улуғхоҷаев – сухангӯи нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон – рӯзи 21 март бо тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, “ҳадаф таъмини марзу буми кишвар дар рӯзҳои ид аст.”

Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, низ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки кормандони интизомии кишвар, ба хусус дар шаҳри Душанбе ба ҳолати пурзӯр даромадаанд. “Ҳифзи низому тартибот ва амнияти сокинону меҳмонон аз вазифаҳои кормандони интизомӣ дар ҳама давру замон, ба хусус дар айёми таҷлил аз Наврӯз, ҷашни қадимтарин ва бостонии мардуми тоҷик аст”, - афзуд ӯ.

Чораҳои шадиди амниятӣ дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:41 0:00

Ин дар ҳолест, ки бар иловаи кормандони пулис, дар кӯчаву хиёбонҳо мошинҳои зиреҳпӯш ва воситаҳои дигари амниятии нирӯҳои Вазорати корҳои дохилӣ мушоҳида мешаванд. Ҳамзамон нирӯҳои Вазорати дифои Тоҷикистон низ чун дигар сохторҳои қудратии кишвар ҳайати шахсиро ба ҳолати казармавӣ ва омодабош сафарбар кардаанд.

Интизор меравад, ҳолати пурзӯр ва казармавии сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва қудратии кишвар то 1 апрели соли ҷорӣ, яъне то поёни айёми Наврӯз дар Тоҷикистон идома кунад.

Наврӯз дар Тоҷикистон расман аз 21 март то 24 март, яъне чор рӯз таҷлил хоҳад шуд. Рӯзҳои 25 ва 26 март чун ба рӯзҳои истироҳатии шанбе ва якшанбе рост меояд, дар Тоҷикистон таътил эъолн шудааст.

XS
SM
MD
LG