Пайвандҳои дастрасӣ

Муфаттиши парвандаи Ёров аз толори додгоҳ озод шуд


Додгоҳи шаҳри Душанбе подполковник Музаффар Ҳакимов -- муфаттиши собиқи Раёсати умури дохилии Душанберо, ки тафтиши қазияи Бузургмеҳр Ёров -- вакили дифои зиндониро анҷом дода буд, аз толори додгоҳ озод кард. Музаффар Ҳакимов бар асоси моддаи 316, қисми 1" баромадан аз ҳадди ваколати мансабӣ", муттаҳам дониста мешуд.

Таҳмина Комилова, вакили мудофеи подполковник Музаффар Ҳакимов рӯзи 21 март ба Радиои Озодӣ гуфт, парвандаи зерҳимояаш дар Додгоҳи шаҳри Душанбе мавриди муҳокима қарор дошт ва бо шомил шудани моддаи 316 қисми 1, ба қонуни афв, аз толор озод карда шуд. Вакили мудофеъ афзуд, дар ибтидо Музаффар Ҳакимов бар иловаи ин модда боз моддаи 319, яъне гирифтани пора ҳам айбдор дониста мешуд, вале бо собит шудани бегуноҳиаш, ин мода аз айбномааш ҳазф шуд.

Наздикон ва вакили мудофеи Музаффар Ҳакимов ҳанӯз дар вақти оғози парванда алайҳи ӯ гуфта буданд, ки Музаффар гуноҳ надорад ва парванда бар асоси шикояти "хусусматомези маҳкумшуда Бузургмеҳр Ёров", боз шудааст.

Тафтиши парвандаи Музаффар Ҳакимов аз тарафи Додситонии кулли Тоҷикистон анҷом шуда, охири моҳи январи имсол барои баррасӣ ба додгоҳи Душанбе ирсол гардида буд. Вай дар аввал барои даст доштан дар фасод ҳам муттаҳам мешуд, вале баъдан мақомоти Додситонии кулл гуфтанд, ки ба хотири собит нашудани амали ришвахорӣ, моддаи 319, яъне “гирифтани пора”-ро аз парвандаи ӯ ҳазф кардаанд.

Музаффар Ҳакимов охирҳои соли гузашта дар пайи даъвои Бузургмеҳр Ёров дастгир шуда, рӯзи 12 декабри соли 2016 ба Боздоштгоҳи мувақатии (ИВС)-и Вазорати умури дохилӣ интиқол ёфт. Наздикони Бузургмеҳр гуфта буданд, ки Музаффар Ҳакимов гӯё 25 ҳазор доллар пули онҳоро гирифта, аммо ба дасти ҷабрдидаҳо нарасондааст.

Додгоҳи шаҳри Душанбе моҳи октябри соли гузашта Бузургмеҳр Ёров, вакили дифоъро ба 23 соли зиндон маҳкум кард. Ёров моҳи сентябри соли 2015 боздошт шуда буд. Мақомот ӯро барои “қаллобӣ" ва “барангехтани кинаву адовати миллӣ, нажодӣ, динӣ” ва “даъват ба тағйири сохти конститутсионӣ” муҷрим шинохтанд. Аммо созмонҳои мудофеи ҳуқуқи инсон мегӯянд, ки ин вакили дифоъ барои ҳимоят аз ҳуқуқи аъзои зиндонии ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ боздошт ва айбдор шудааст.

Ҳюман Райтс Вотч ва Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия борҳо аз мақомоти Тоҷикистон хостаанд, ки вакили мудофеи зиндониро “билофосила ва бидуни қайду шарт” озод кунанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG