Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маскав ба Навалний иҷозаи раҳпаймоӣ надод


Алексей Навалний
Алексей Навалний

Мақомоти шаҳри Маскав ба Алексей Навалний пешвои мухолифони давлат иҷоза надоданд, ки раҳпаймоӣ ба зидди фасодкорӣ баргузор кунад. Мақомоти Русия дар посух ба дархост барои баргузории раҳпаймоӣ навиштаанд, ки раҳпаймоӣ дар маркази Маскав, ҳаракати нақлиётро мушкил мекунад ва нақзи ҳуқуқи сокинони шаҳр аст. Номаи расмиро Алексей Навалний рӯди 18-уми март дар вебсайташ нашр кардааст.

Хабаргузории “Интерфакс” аз қавли Владимир Черников, як мақоми расмии ҳукумати Маскав навиштааст, қарор дар бораи иҷоза надодани раҳпаймоӣ “ниҳоӣ” аст. Алексей Навалний дархост барои баргузории раҳпаймоӣ дар маркази Маскав бо ҳузури 15 ҳазор нафарро рӯзи 14-уми март ба ҳукумати пойтахти Русия супурдааст. Ӯ қарори ҳукуматро ғайриқонунӣ медонад.

Алексей Навалний, аз фаъолони мубориза бо фасод дар Русия ва аз мухолифони Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия гуфтааст, ки дар интихоботи раёсати ҷумҳурии моҳи марти соли 2018 ширкат мекунад. Интизор меравад, Владимир Путин низ дар интихобот ширкат варзад.

XS
SM
MD
LG