Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фролов: Манфиатҳои Русия мухолифи манфиати кишварҳои ОМ нест


Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон
Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон

Сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов гуфтааст, ки кишвараш дар Осиёи Марказӣ “манфиатҳои қонунӣ” дорад ва онҳо ҳеҷ гоҳ “дар ихтилоф бо манфиатҳои миллии кишварҳои минтақа набудаанд”. Дар ин бора дипломати баландпоя дар ҷараёни кори як конфронс дар Душанбе изҳори назар кард, ки рӯзи 17 март таҳти унвони “Давлатҳои нави Осиёи Марказӣ дар шароити ташаккулёбии ҷаҳони бисёрсамта” баргузор шуд. Лякин-Фролов гуфтааст, мавқеи Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба масоили сиёсати ҷаҳонӣ ба ҳам наздик ва ҳамсон аст.

Вай гуфтааст, Русия бо ҳамаи панҷ кишвари минтақа равобити наздику дӯстона ва ҳамкориҳои иқтисодӣ дорад. Дар робита бо вуҷуди бархе ихтилофу мушкилот дар муносиботи байни кишварҳо, ӯ гуфт, ки ҳоло ҷараёни ташаккулёбии “як ҷаҳони бисёрсамта” мушоҳида мешавад.

“Бешубҳа, ҳар кишвари минтақа ҳақ дорад худаш ҳал кунад, ки муносибаташро бо ҷаҳони беруна ба шакли дилхоҳ танзим кунад, вале касе гуфта наметавонад, ки муносибатҳои боэътимод ва ҳам таърихиаш бо Русия дар тақвияти давлатдориву мавқеи кишварҳои Осиёи Марказӣ дар саҳнаи байналмилалӣ ва ҳам истиқлоли онҳо кумак кардааст", - афзуд ӯ.

Оҷонсии "Интерфакс" бо пахши ин хабар мегӯяд, раиси Маркази таҳқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон Худойбердӣ Холиқназар бо ёдоварӣ аз сафари ахири президент Владимир Путин ба Душанбе дар рӯзи 28 феврал Русияро “шарики стратегии Тоҷикистон” номид. Конфронси мазкур бо ташаббуси Маркази таҳқиқоти геополитикии Русияву Тоҷикистон ва сафорати Русия баргузор шуд.

XS
SM
MD
LG