Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситони Беларус: гунаҳгории Баранчикро санадҳо тасдиқ мекунанд


Додситони кулли Беларус Аляксандр Канюк гуфт, ки Минск барои ба Русия таслим кардани кулли санадҳои зарурӣ барои истирдоди сардабири оҷонсии русии Regnum омода аст. Канюк рӯзи 17 март дар сӯҳбат бо хабарнигорон дар Минск гуфт, ки Юрий Баранчик, як шаҳрванди Беларус аз рӯи қонунҳои ин кишвар “дар барангехтани эҳсосоти бадбинии нажодӣ, қавмӣ, мазҳабӣ ва ё иҷтимоӣ” гумонбар мешавад.

Вай гуфт, ки хабарҳо дар бораи як паноҳандаи сиёсӣ дар Русия будани Баранчик “як маъракаи сиёсӣ” асту бас. Regnum як хабаргузории интернетии ғайридавлатист, ки таҳаввулоти ахири Русия ва ҷумҳуриҳои собиқи шӯравиро пайгирӣ мекунад. Баранчик рӯзи 14 март дар Маскав бо дархости Минск боздошт шуд. Додгоҳ ба ҳабси муваққатии журналист посухи рад дод ва гуфт, ки ин хабарнигор паноҳанди сиёсӣ аст ва барои ҳимояи худ аз президент Владимир Путин кӯмак хостааст.

XS
SM
MD
LG