Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми додгоҳ нисбати хабарнигори Associated Press содир шуд


Додгоҳи олии Беларус ҳукм кард, ки хабарнигори оҷонсии Associated Press далелҳои дар гузоришаш ҷойдода оид ба вуҷуди мизони баланди радиатсия дар таркиби шири як корхонаи маҳаллиро рад кунад. Юрас Карманов баъди ошноӣ бо кори як фермаи ширбарорӣ, ки дар наздикии маҳалли таркиши корхонаи ҳастаии Чернобил дар соли 1986 қарор дорад, намунаҳои шири онро баъдан дар маркази давлатии гигиена ва эпидемиологияи шаҳри Минск санҷидааст. Натиҷаи он собит кардааст, ки дар таркиби шир нишонаҳои радиоатсияи навъи стронсиум-90 даҳ баробар бештар назар ба меъёри бехатарӣ будааст.

Баъди нашри ин гузориш корхонаи “Милкавита” аз болои хабарнигор барои “пахши матлабе, ки ба обрӯи корхона зарба мезанад”, ба додгоҳ шикоят кард. Додгоҳ бо ҳукми худ амр кард, ки Юрас Карманов ба ин корхона ҷубронпулӣ пардохт кунад. Инчунин додгоҳ қарор кард, ки Карманов бояд ба раҳбарияти оҷонсии Associated Press дар Ню-Йорк гузориш навишта бигӯяд, ки натиҷаҳои хулосаҳои лабораторӣ “ҷавобгӯи воқеият нест”. Оҷонсии хабарии мазкур рӯзи 16 март бо пахши изҳороте гуфт, ки “аз ҳуқуқи хабарнигораш пурра ҳимоят мекунад”. Ин хабаргузорӣ гуфт, ки додгоҳи зинаи аввал ба Карманов нагузошт, ки шаҳодати дурустии санҷиши анҷомдодаашро намоиш диҳад.

XS
SM
MD
LG