Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нажодпарастони Қазон ду ҳамлаи дигарро низ кори худ хонданд


Миллатгароёни нав Роман Халилов ва Руслан Архипов, ки дар Қазон барои куштори донишҷӯе аз Ҷумҳурии Чад ҳабс шудаанд, иқрор карданд, ки дар ду ҳамлаи дигар низ даст доранд. Кумитаи тафтишотии Тотористон хабар медиҳад, Халилов ва Архипов моҳи декабри соли 2016 мардеро аз Қирғизистон латукӯб ва моҳи феврали соли равон ба як шаҳрванди Афғонистон ҳамла кардаанд. Зидди онҳо бо моддаи "Авбошӣ" парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Роман Халилов ва Руслан Архипов ҳафтаи гузашта дастгир шуда, муфаттишон мегӯянд, онҳо миёнаҳои моҳи феврал як донишҷӯи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи федеролии Қазон Маҳҷуб Тиҷан Ҳасанро ба қатл расондаанд. Ин ҷавонон ба гуноҳи худ иқрор карда, ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, онҳо дар ҳамла ба шаҳрвандони Қирғизистон, Афғонистон, Ҳиндустон ва ҳамчунин торумори қабристони мусулмонон дар Қазон даст доранд

Видеоҳои охирин

Сокини Данғара дар талоши дастдарозӣ ба сайёҳи хориҷӣ гумонбар шуд
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:01:43 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG