Пайвандҳои дастрасӣ

Як намояндаи лӯлиён мушовири ҲСДТ дар ноҳияҳои атрофи Душанбе шуд


Дар чанд ноҳияи Тоҷикистон, ба мисли Восеъ барои лӯлиён мактаби хос таъсис доданд, вале онҳо пас аз аз синфи чор ва ё нӯҳ дигар таҳсили худро идома намедиҳанд.

Самандар Баракаев, як сокини лӯлитабори шаҳри Ҳисор, мушовир ва муовини раиси дафтари ҳизби сотсиал-демократ дар навоҳии атрофи Душанбе интихоб шуд. Баракаеви 76-сола маълумоти олӣ надорад, аммо мегӯяд, ки талош мекунад, худу ҳамқавмонашро аз ҳаёти сиёсӣ бештар огоҳ намояд. Ҳамзамон, ин ҳизб беш аз сад лӯлитаборони ноҳияи Ҳисорро ба узвияташ пазируфтааст.

Дар ҳар давлате, ки онҳо сукунат кардаанд, забони мардуми ҳамон ҷоро пазируфтаанд.

Раҳматилло Зоиров, раиси ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, рӯзи 16 март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳизби онҳо аз қабл бо лӯлиён "ҳамчун қишри осебпазири ҷомеа" ҳамкориро ба роҳ монда буд ва дар ниҳоят ба хотири ворид шудан ба ҳаёти сиёсӣ онҳоро ба узвият қабул кардааст.

Ӯ гуфт, "мо пештар ҳам бо инҳо ҳамкорӣ доштем. Лекин бори аввал аст, ки ба фаъолияти ҳизбӣ ҷалб кардем. Пештар кумак мерасондем, дастгирӣ мекардем. Акнун онҳоро ҳамчун аъзои ҳизб, тарафдори ҳизб ҷалб кардем ва бо онҳо якҷоя ҳамкорӣ карданӣ ҳастем. Ҷомеаи шаҳрвандӣ бе ҳамкорӣ пеш намеравад."

Раҳматилло Зоиров
Раҳматилло Зоиров

Самандар Баракаев, мушовир ва муовини раиси ҳизби сотсиал-демократ дар навоҳии атрофи Душанбе, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳанӯз ҳафт соли пеш бо раҳбарони ин ҳизб ошноӣ пайдо карда, аз онҳо дар ҳалли мушкилоти ҳуқуқӣ ёрӣ мепурсидааст. Баракаев мегӯяд, "чанде пеш чанд тан аз лӯлитаборонро барои ҷамъоварӣ ва фурӯши оҳанпора мақомот ҷарима карда буданд ва онҳо намедонистанд, ки фаъолияташон соҳибкорӣ ҳисоб мешавад ва бояд андоз супоранд.” Аз ин рӯ, ӯ умедвор аст, ки дар ҳамкорӣ бо ҲСДТ огоҳии ҳуқуқии лӯлитаборон боло меравад.

Шуғли аслии лӯлитаборон дар Тоҷикистон талбандагист ва теъдоди каме аз фарзандони онҳо ба таҳсил ҷалб мешаванд. Дар чанд ноҳияи Тоҷикистон, ба мисли Восеъ барои лӯлиён мактаби хос таъсис доданд, вале онҳо пас аз аз синфи чор ва ё нӯҳ дигар таҳсили худро идома намедиҳанд. Аз ин рӯ, аксари лӯлиён бинобар надоштани хатту савод фаҳмиши сиёсӣ надоранд.

Маҳмурод Одинаев
Маҳмурод Одинаев

Аммо Маҳмурод Одинаев, раиси ҳизби сотсиал-демократ дар навоҳии тобеи марказ гуфт, “онҳо бисёр фикрҳои хуб доранд. Мехоҳанд, пешрафт кунанд. Шахсе, ки аз миёни онҳо аз аввал бо мо буд, аз обрӯи хос миёни лӯлиён бархӯрдор аст. ”

Тибқи ҳисобҳои тахминӣ дар Тоҷикистон шумораи лӯлиён то 30 ҳазор нафар мерасад. Онҳо дар ноҳияи Варзоб, Шаҳринав, Турсунзода, Ҳисор, Панҷакент, Восеъ ва чандин ноҳияи дигар умдатан дар деҳаҳои алоҳида ба сар мебаранд. Ба назари таърихшиносон, лӯлиён қавме ҳастанд, ки панҷ-шаш аср пеш аз Ҳиндустон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дигар мамолики Аврупо ҳиҷрат кардаанд. Дар ҳар давлате, ки онҳо сукунат кардаанд, забони мардуми ҳамон ҷоро пазируфтаанд.

Ҳизби сотсиал-демкорати Тоҷикистон яке аз ҳафт ҳизби сиёсӣ дар кишвар аст, Ин ҳизб дар порлумони Тоҷикистон курсӣ надорад, вале коршиносон онро ягона ҳизби мухолиф дар кишвар медонанд, ки гоҳо дар баробари мушкилоти сиёсӣ мавзеъгирии интиқодӣ мекунад. ҲСДТ -ро Раҳаматилло Зоиров дар ҳоле таъсис дод, ки дар соли 2003 аз фаъолият дар дастгоҳи президенти Тоҷикистон даст кашид.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG