Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистон маводи тавҳиномезро дар шабакаҳои иҷтимоӣ масдуд мекунад


Нахуствазири Покистон Навоз Шариф амр дод, ки ҳама гуна маводе, ки хусусияти тавҳиномез дорад, аз шабакаҳои иҷтимоӣ пок ва ё масдуд шавад. Вай инчунин гуфт, афроде, ки ба навиштани чунин мазмун матолиб даст мезананд, бояд бо шадидтарин шева муҷозот шаванд. Дар изҳороте, ки рӯзи 14 март садо дод, Шариф гуфт, ки иҷрои ин амр бояд билофосила шурӯъ шавад. Қонунҳои Покистон тавҳину иҳонат дар ҳақи динро ҳамчун қонуншикании ҷиноӣ арзёбӣ мекунад ва метавонад шахси муттамро ба эъдом ҳам маҳкум кунад. Ин масъала дар Покистон хеле ҳассос аст. Ҳарчанд нахуствазир исми ҳеҷ як шабакаи иҷтимоиро ба забон наовард, вале дар Покистон сокинон ба таври фаъол аз шабакаҳои мисли Facebook, Instagram ва Twitterare истифода мекунанд.

XS
SM
MD
LG