Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Ҳилманд 31 узви Толибон кушта шуд


Мақомот гуфтанд, ки дар паи амалиёти нирӯҳои ҳукуматӣ дар ҷануби Афғонистон, 31 ҷангии Толибон, аз ҷумла як фармондеҳ кушта ва нӯҳ нафар маҷрӯҳ шуданд. Манобеи давлатӣ гуфтанд, ки амалиёти вилояти Ҳилманд рӯзи 11 март шурӯъ шуд ва 24 соат идома кард. Дар изҳороти онҳо гуфта мешавад, ки нирӯҳои заминӣ бо пуштибонии ҳавопаймоҳои артиши Афғонистон чанд минтақаро дар наздикии Лашкаргоҳ, маркази вилояти Ҳилманд поккорӣ карданд. Ҳадафи аслии нирӯҳо – ноҳияҳои Нодиалӣ ва Гармсер будааст. Дар миёни кушташудаҳо раҳбари маҳаллии Толибон – фармондеҳ Мулло Иваз ҳам будааст, ки дар паи ҳамлаҳои ҳавоӣ дар маҳаллаи Ҳусайнободи Гармсер кушта шуд.

XS
SM
MD
LG