Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар бархӯрди Батумӣ 21 нафар ҷароҳат бардоштанд


Муноқишаи ҷавонони гурҷӣ бо кормандони пулис дар шаҳри Батумӣ.
Муноқишаи ҷавонони гурҷӣ бо кормандони пулис дар шаҳри Батумӣ.

Дар натиҷаи муноқишаи гурӯҳе аз ҷавонон бо маъмурони пулис дар шаҳри Батумии Гурҷистон дасти кам 21 нафар захмӣ шудаанд. Бино ба гузориши расонаҳои Гурҷистон, рӯзи 11-уми март нерӯҳои интизомӣ хостанд, садҳо нафар аз ҷавонони сангандозро пароканда кунанд, вале ҷанҷол ба бархӯрд печидааст.

Ҷанҷол баъд он бархостааст, ки як мард нахостааст, барои ғайриқонунӣ мондани мошин дар як кӯча ҷарима пардозад. Ин фардро, ки бо пулис даъво кардааст, дастгир кардаанд. Вебсайти Democracy & Freedom Watch видеоеро нашр кард, ки дар он дида мешавад, садҳо тазоҳургар як кӯчаи торики Батумӣ санг меандозанд.

Зол Микеладзе, як мақоми идораи тандурустии шаҳр гуфтааст, ки дар натиҷаи муноқиша 11 маъмури пулис ва 10 тазоҳургар осеб дидаанд ва аксарияташон аз таъсири гази ашковар ранҷ мекашанд.

XS
SM
MD
LG