Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати чаҳор шаҳрванди Русия аз суқути чархбол дар Истанбул


Туркия - пораҳои чархбол дар саҳнаи суқут. Истамбул, 10 марти соли 2017.
Туркия - пораҳои чархбол дар саҳнаи суқут. Истамбул, 10 марти соли 2017.

Суқути чархбол дар Истанбули Туркия панҷ нафарро кушта ба ҷо гузошт, ки чаҳор нафари онҳо шарвандони Русия буданд. Ҳодиса рӯзи 10 март рух дод ва чархбол бо шумули сарнишинон 8 одам дошт.

Васип Шоҳин, волии Истанбул, гуфт, дар ин ҳодиса як шаҳрванди Туркия низ ҷон бохтааст. Ба маълумоти шабакаи NTV-и Туркия, чархбол баъди бархӯрдан ба бурҷи телевизион дар шоҳроҳи яке аз ноҳияҳои шаҳр суқут кард.

Мақомот гуфтанд, ки ду зан ва ду марди рус меҳмони як ширкати Туркия буданд.

Мақоми идораи ироакунандаи муҷаввизи идораи чархбол ба хабаргузории Reuters гуфт, ки чархбол ба ширкати дорусозӣ ва маҳсулоти хонагӣ тааллуқ дошт. Чархбол баъди панҷ дақиқаи паридан аз фурудгоҳи Отатурк суқут кард.

XS
SM
MD
LG