Пайвандҳои дастрасӣ

Қиммати нафт дар Амрико то сатҳи соли гузашта поён рафт


Нафткашӣ дар Техас

Рӯзи панҷшанбе қиммати нафте, ки дар Ийолоти Муттаҳида тавлид мешавад, барои аввалин бор аз аввали моҳи декабри соли гузашта бо нархи камтар аз 50 доллар барои як баррел фурухта шуд. Ин дар ҳолест, ки истеҳсолкунандаҳои бузурги нафт дар хориҷи Амрико сатҳи тавлидро коҳиш додаанд.

Рӯзи чоршанбе киммати нафт панҷ сент ва рӯзи панҷшанбе боз 2 сенти дигар арзон шуд. Нархи нафти босифати маркаи "Brent" низ поён рафт, аммо ҳоло низ аз нафти истеҳсоли ИМА болотар буда, баррели он 52 доллар қиммат дорад.

Моҳи январ кишварҳои ОПЕК - содиркунандаҳои аслии нафт дар ҷаҳон истеҳсоли "тиллои сиёҳ-ро коҳиш дода, ба боло рафтани нарх мувафақ шуданд. Болоравии нарх ба ширкатҳои амрикоӣ имкон дод, ки лагоми истеҳсолро сар диҳанд. Дар натиҷа ҳаҷми захираи нафти истеҳсоли ИМА рӯ ба афзоиш овард ва ҳафтаи гузашта ба сатҳи рекордии беш аз 528 миллион баррел расид.

Ба гуфти мутахасисон ҳоло Арабистони Саудӣ, бузургарин истеҳсолкунандаи ОПЕК бояд ба қароре бирасад, ки истеҳсолро ба хотири боло бурдани нарх коҳиш ва ҳиссаи худро дар бозор ба Амрико медиҳад е хайр.

Поён рафтани нархи нафт ба қиммати саҳмияҳои бузургтарин ширкатҳои энержии Амрико таъсир гузошт ва шохиси кулли бозори саҳҳом 8,5 дар сад коҳиш ёфт. Талоши маъмурияти президент Трамп барои танзими ширкатҳои нафт коҳиши бештари нархро ба думбол хоҳад дошт.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG