Пайвандҳои дастрасӣ

Доналд Туск дубора раиси Шӯрои Аврупо интихоб шуд


Президенти Шӯрои Аврупо Доналд Туск

Раҳбарони Иттиҳоди Аврупо рӯзи 9 март дар ҷаласаи Брюссел аз номзадии Доналд Туск барои як даври дигари раҳбарӣ дар мақоми раиси Шӯрои Аврупо пуштибонӣ карданд.

Қабл аз овоздиҳӣ Лаҳистон таҳдид кард, ки дар сурати дубора ба мақоми раиси Шӯрои Аврупо интихоб шудани Доналд Туск, нишасти Иттиҳоди Арпупо дар заминаи "Брекзит", ё берун шудани Британия аз Иттиҳодро баҳам мезанад.

Садри аъзами Олмон Ангела Меркел ба талошҳои Лаҳистон барои лағви номзадии собиқ нахуствазири ин кишвар гуфт, ки Туск аз пуштибонии густарда бархӯрдор аст ва интихоби дубораи ӯ ба мақоми раиси Шӯрои Аврупо "аломати эътидол" хоҳад буд.

Кӯшишҳои ҳукумати ростгарои Лаҳистон аз ҳизби "Қонун ва адолат" барои сарнагун кардани Доналд Туск, собиқ нахуствазири Лаҳистон ва рақиби сиёсии ин ҳукумат, шикофи бузурги байни Шарқ ва Ғарбро дар Иттиҳоди Аврупо бештар мекунад.

Мақомоти Лаҳистон гуфтанд, ки нахуствазири кишвар Беата Шидло натиҷаи саммитро "вето" мекунад, то ба интихоби дубораи Доналд Туск роҳ надиҳад. Аммо дипломатҳои аврупоӣ пофишорӣ карданд, ки Лаҳистон аз ҳаққи ветогузорӣ бархӯрдор нест ва Туск бо аксарияти оро интихоб мешавад. Онҳо мегӯянд, зарур нест, ки барои баҳси дохили Лаҳистон дастҳои Иттиҳоди Аврупоро тоб диҳанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG