Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Генерале, ки Улюкаевро боздошт кард, аз мақом сабкудӯш шуд


Русия - Вазири рушди иқтисоди Русия Алексей Улюкаев дар додгоҳи Басманнии Маскав. 15 ноябри соли 2016
Русия - Вазири рушди иқтисоди Русия Алексей Улюкаев дар додгоҳи Басманнии Маскав. 15 ноябри соли 2016

Ноиби президент ва раҳбари хадамоти амнияти "Роснефт" генерал Олег Феоктистов аз Хадамоти фередолии амният ва ширкати нафт ихроҷ шуд. Дар ин бора нашрияи "Новая Газета" бо такя ба ду манбаъ дар идораҳои мазкур гузориш дод.

Сухангӯи "Роснефт" Михаил Леонтев авзоъро ба телевизиони "Дождь" шарҳ дода ва ин хабарҳоро "сафсатаи навбатӣ" унвон кард.

Миёнаҳои моҳи ноябри соли гузашта номи генерал дар робита ба боздошти вазири иқтисоди хориҷии Русия Алексей Улюкаев матбуотӣ шуд. Улюкаев ба ришвахорӣ дар ҳаҷми бузург муттаҳам мешавад. Гуфта мешуд, ки таъқиби Улюкаевро маҳз генерал Феоктистов оғоз кард ва ҳангоми боздошти ӯ дар идораи "Роснефт" ҳузур дошт.

То замони оғози фаъолият дар "Роснефт" Феоктистов, ки бо тахаллуси "Олег Большой" ва "генерал Фикс" машҳур аст, ноиби раҳбари идораи амнияти дохилии ФСБ-и Русия буд. Ӯ ба идораи 6-уми амнияти дохилӣ раҳбарӣ мекард.

Соли 2007 Феоктистов парвандаи генерали Хадамоти давлатии мубориза бо маводи мухаддир Александр Булбовро баррасӣ кард. Баъдан ӯ ба амалиёти боздошти марбут ба парвандаҳои пурсарусадо, аз ҷумла, паравндаи губернаторҳои собиқ - Никита Белых, Вячеслав Гейзер ва Александр Хорошавин раҳбарӣ кард.

XS
SM
MD
LG