Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушакпаронӣ аз ҳафт бурҷи Душанбе дар Иди Наврӯз


Рустами Эмомалӣ бо падараш Эмомалӣ Раҳмон дар боғи Наврӯзгоҳи пойтахт
Рустами Эмомалӣ бо падараш Эмомалӣ Раҳмон дар боғи Наврӯзгоҳи пойтахт

Шаҳрдории Душанбе дар бораи мушакпарронии идона дар ҷашни имсолаи Наврӯз қарор қабул кардааст. Рустами Эмомалӣ – иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Душанбе – рӯзи 7 март бо имзои як қарор гуфт, ин тасмим ба хотири "таҷлили бошукӯҳи Иди байналмилалии Наврӯз" гирифта шудааст.

Ӯ дар қарор гуфтааст, мушакпаронии идона аз ҳафт бурҷи Душанбе баъд аз соати нӯҳи шаб дар муддати 5 дақиқа баргузор хоҳад шуд. Дар идома аз раҳбарияти идораи умури дохилӣ, амният, оташнишонӣ ва тандурустии пойтахт хоста шудааст, ки барои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти сокинон ва чораҳои зидди сӯхтор тадбирҳои мушаххас андешанд.

Рустами Эмомалӣ, писари бузурги раиси ҷумҳури Тоҷикистон, охири моҳи январ ба мақоми шаҳрдории Душанбе расид. Ӯ то кунун ба танзими нақлиёт дар роҳҳо пардохта, рӯзи 6 март бо сафири Амрико дар Тоҷикистон Элизабет Миллард низ мулоқот анҷом додааст. Дафтари матбуоти шаҳрдорӣ мегӯяд, дар ин мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории ҳукумати Душанбе бо Иёлоти Муттаҳида баррасӣ шудааст. Рустами Эмомалӣ то замони расидан ба ин мақом раиси Оҷонсии зиддифасод ва аз он пеш раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон буд.

XS
SM
MD
LG