Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Узбакистон бо нахустин сафари расмии хориҷӣ дар Туркманистон қарор дорад


Президенти Узбакистон Шавкат Мирзиёев бо ҳадафи анҷоми нахустин сафари расмӣ ва хориҷии худ рӯзи 6 март ба пойтахти Ҷумҳурии Туркманистон – шаҳри Ашқобод ворид шуд. Дар мулоқоташ бо президенти Туркманистон Қурбогулӣ Бердимуҳаммадов, ки дар кохи раёсатҷумҳурии Оғузхон баргузор шуд, мавзӯи сӯҳбат – баррасии ҳамкориҳои дуҷониба буд. Дар ин бора матбуоти давлатии ҳарду кишвар хабар додааст. Ин сафар ду рӯз давом карда дар ҷараёни он Мирзиёев аз шаҳри Туркманобод, ки дар марзи ду кишвар воқеъ аст, дидан ва дар маросими ифтитоҳи маҷмааи ёдгории бахшида ба президенти нахустини Узбакистон – Ислом Каримов иштирок хоҳад кард. Ислом Каримов бар асари сактаи мағзӣ рӯзи 2 сентябри соли 2016 дар Тошканд даргузашт ва моҳи декабр дар интихоботи президентии пеш аз мӯҳлат Шавкат Мирзиёев раҳбари нави Узбакистон шуд.

Рӯзи 2 март вазири равобити иқтисодии хориҷии Узбакистон Элёр Ғаниев ба Ашқобод сафар ва заминаҳои боздиди Мирзиёевро аз ин кишвар дар мулоқот бо вазири хориҷа Рашид Мередов баррасӣ кард. Ин сафар баъди ду рӯзи анҷоми боздиди президенти Русия Владимир Путин аз се кишвари Осиёи Марказӣ – Қазоқистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор шуд.

Дар яке аз изҳороти қаблиаш Мирзиёев гуфта буд, ки нахустин шуда дар доираи сафари хориҷии худ аз Қазоқистон дидан ва бо президенти ин кишвар Нурсултон Назарбоев масоили ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ мекунад. Ҳанӯз таърихи ин сафар мушаххас нест.

Видеоҳои охирин

Бовар надоштем, ки духтари мо 9 "миллионӣ" мешавад
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:01:49 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG