Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози белорусҳо ба зидди қонуни "муфтхӯрӣ дар ҷомеа"


Дар раҳпаймоӣ дар Брест бештар аз 1000 нафар ширкат доштанд.
Дар раҳпаймоӣ дар Брест бештар аз 1000 нафар ширкат доштанд.

Рӯзи 5-уми март бештар аз 1 ҳазор нафар ба хиёбонҳои шаҳри Брест дар Ҷумҳурии Белорус рехта ва ба зидди қонуни ба ном “муфтхӯрӣ дар ҷомеа” эътироз карданд. Бар асоси ин қонун, ки дар замони шӯравӣ ҳам вуҷуд дошт, мардуме, ки кор намекунад, бояд молиёт ва ё андоз супорад.

Тазоҳургарон бо раҳпаймоӣ дар хиёбони марказии Брест, ба зидди ин қонун ши ор медоданд ва мегуфтанд, ки раиси ҷумҳур Александр Лукашенко ҳам бояд равад. Ба гузориши хабарнигори Радиои Озодӣ дар ин тазоҳуроти осоишта гурӯҳе аз анархистҳо ҳузур доштанд.

Ҳадафи қонуне, ки чанде пеш дар Ҷумҳурии Белорус қабул шуд, ба гуфтаи Александр Лукашенко, мубориза бо муфтхӯрӣ дар ҷомеа аст. Бар асоси ин қонун касоне, ки дар муддати як сол камтар аз 6 моҳ кор мекунанд ва дар идораи шуғли аҳолӣ сабти ном нашудаанд, бояд дар як сол 200 доллар молиёт пардозанд.

XS
SM
MD
LG