Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

246 нафар дар обхезии Зимбабве қурбон шудаанд


Африқои Ҷанубӣ - Коргарон садди байни Африқои Ҷанубӣ ва Зимбабверо таъмир мекунанд. 18 марти соли 2008.
Африқои Ҷанубӣ - Коргарон садди байни Африқои Ҷанубӣ ва Зимбабверо таъмир мекунанд. 18 марти соли 2008.

Сел дар Зимбабве аз моҳи декабр то ҳол 246 нафарро кушта ва садҳо нафарро аз сарпаноҳ маҳрум кард. Ҳукумати ин кишвар, ки аз надоштани пул танқисӣ мекашад, барои дарёфти кӯмак рӯ ба ҷомеаи байналмилалӣ овард.

Ҳукумати Зимбабве барои рафъи офати табии, ки роҳу пулҳои муҳими ҳамлу нақлро хароб кардааст, аз оҷонсиҳои хориҷӣ 100 миллион долар дархост кард.

Ҳукумати раҳбари худкомаи Зимбабве, Роберт Мугабе бе ин ҳам бо паёмади хушксоли шадиди соли гузашта мубориза мебурд.

Сел аз ҳама бештар ба қисмати ҷанубии Зимбабве зарба зад. Мақомот низомиёнро ба кӯмаки баъзе мардуми деҳот даъват кард, ки дар байни обу лой дармондаанд. Ин нигаронӣ ҳам вуҷуд дорад, ки обанбори лабрез метавонад саргаҳро хароб кунад ва ба мардуми поёноб зарар расонад.

XS
SM
MD
LG