Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Остона беш аз 150 млн $-ро харҷи сиёсатҳои иттилоотиаш кардааст"


Қазоқистон соли гузашта бештар аз 48 миллиард танга (муодили бештар аз 150 миллион доллар)-ро харҷи сиёсатҳои иттилоотиаш кардааст. Дар ин бора дар ҷаласае дар Остона хабар дода шуд. Бунёди ҷамъиятии "Маркази ҳуқуқии расонаҳо" дар бораи соли 2016 ва ҳафт соли гузашта гузориш дод. Ба гуфтаи мудири созмони мазкур Диана Окремова, дар Қазоқистон дар ду самт маблағ ҷудо мешавад: яке вазифаҳои давлатӣ ва дигаре супоришҳои давлатӣ.

"Ҳамасола даҳҳо расона аз давлат супориш мегиранд. Мушкил инҷост, ки мо комилан наметавонем назорат кунем, ки онҳо маблағро аз куҷо дарёфт мекунанд. Яъне расонаҳо бе ҳеҷ озмун ҳамасола маблағҳоро соҳиб мешаванд. Агар соли 2010 ин маблағ 17 миллиард танга буд, пас соли 2015 ба 42 миллиард расид, соли 2016 бошад 41 миллиард танга ҷудо шуд. Барои соли 2017 бошад, 36 миллиард пешбинӣ шудааст", - меафзояд Диана Окремова.

Давлат бо ҷудо кардани ин миқдор маблағ аз расонаҳо талаб кардааст, ки "мақолаҳои мусбат" нашр кунанд, то давлат "имиҷи мусбат бигирад".

Намояндагони вазорати иттилоот ва иртибототи Қазоқистон гуфтанд, аз ин масъала огоҳӣ доранд, аммо ба "таблиғи мансабдорон" машғул нестанд. Мақомоти Қазоқистон афзуданд, ният доранд, ки барои такмили сармоягузории давлатӣ дар бахши иттлоърасонӣ бо шумули намояндагони ҷамъиятӣ шӯро таъсис медиҳанд ва тибқи дастури шӯро маблағро миёни расонаҳо тақсим мекунанд.

XS
SM
MD
LG